Корҳои табобатӣ ва машваратӣ.

Мутасаддии корҳои табобатии кафедра ассистент Азизов Х.Д. мебошад. 1 нафар корманди кафедра дорои дараҷаи тахассусии олӣ, 1 нафар дараҷаи тахассусии якум ва 1 нафар дараҷаи тахассусии дуюм мебошанд. Корҳои табобатӣ дар шуъбаи муолиҷавии МТК «Стоматология»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки пойгоҳи клиникии кафедра ба ҳисоб меравад ва Беморхонаи “Балх”гузаронида мешавад.
Ҳамаи кормандон мувофиқи мавзӯъҳои таълимӣ ва илмӣ ба табобати муолиҷавии беморони дорои кариес ва оризаҳои он (пулпит, периодонтит), нуқсонҳои ғайрикариесии бофтаҳои сахти дандон, бемориҳои бофтаҳои пародонт ва пардаи луобии ковокии даҳон бо истифодаи усулҳо ва маводҳои муосир машғул мебошанд.
Устодон сарбории табобатиро дар ҳаҷми 0,5 ҳаҷми воҳиди кории стоматолог-терапевт иҷро мекунанд. Омӯзгорон ба ниёзмандоне, ки аз тамоми гӯшаю канори кишварамон барои машварат ва табобат муроҷиат мекунанд ёрии тиббӣ мерасонанд.
14.01.2020     10

Гузариш ба саҳифаи: