ТАҶЛИЛИ ФАРОРАСИИ РӮЗИ МОДАРОН ДАР КАФЕДРАИ СТОМАТОЛОГИЯИ МУОЛИҶАВӢ
Эй кош, ки то абад намирад модар,
Ё ҳастии ҷовидон бигирад модар.
Меҳр аст саросари вуҷудаш то ҳаст,
Эй кош, ки поён напазирад модар.
Дар таърихи 4 марти соли 2020 донишҷӯёни курси 2-юм гурӯҳҳои 3, 4 бахшида ба Иди модарон саҳнача, шеърхонӣ, монолог, презентатсия омода намуданд ва пешниҳоди ҳамкурсону омӯзгорони кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ карданд. Аз ҷониби донишҷӯён суханҳои хеле хубу тахсиркунанда доир ба Зан-модар хонда шуд ва мақбули ҳозирин гардид.
«Дар дунё чаҳор неъмат аст, ба он шахсе, ки ин чаҳор неъмат насиб мегардад, дар дунёву охират хайрашро мебинад. Забони зикршуда, қалби шукркунанда, бадане, ки ба дарду ғам тоқат мекунад ва зани солеҳа.»
Чун меҳр бузургу бенишонӣ, модар
Ороми дилу азизи ҷонӣ, модар
Эй кош ҳамеша ҷовидон мебудӣ
Он қадр, ки хубу меҳрубонӣ, модар
Дар презентатсияи омодашудаи донишҷӯ маълумот дар бораи таърихи пайдоиши Иди зан-модар дар тамоми ҷаҳон ва расму ойини ҷашнгирии ин иди бузург дар дигар давлатҳо пешниҳод карда шуд.
Ҷамъомадагон як ҷаҳон маълумот доир ба ин ид, гиромидошти модар, нақши Зан-модар дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ бо худ гирифтанд.
Модар! Имрӯз рӯзи ту аст, фардо ҳам! Ҳар рӯз рӯзи ту аст! Ҳар рӯзе, ки ту ҳастӣ ва сӯйи ман табассум мекунӣ, он рӯз рӯзи ман аст.
Дар кӯчаи ҷон ҳамеша модар боқист,
Дарёи муҳаббаташ чу Кавсар боқист
Дар гӯиши ошиқона, номи модар,
Шеърест, ки то абад ба дафтар боқист
Ид муборак, модари хушназарам!
Кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ
06.03.2020
454