Пешниҳоди маърузаҳо ба донишҷӯёни хобгоҳи №7 донишгоҳ
Дар санаи 16-уми октябри соли ҷорӣ аз руи реҷаи навбатдорӣ ассистентони кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ Азизов Х.Д. ва Валиев Ш.Н. ба хобгоҳи №7 муассисаи давлатии таълимии «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» ташриф оварданд. Зимни ташриф навбатдорон аз ҳуҷраи донишҷуён, тозагии он ва шароити зиндагии онҳо пурсон шуданд. Дар толори хобгоҳ ассистентони кафедра якҷоя бо муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У., раиси иттифоқи касабаи донишҷуён Саидов И., ҳуқуқшинос Саидов Ҷ. бо донишҷуён дар мавзуи «Дустӣ қувваи бузург аст ва аҳамияти он дар сарҷамъии миллат» суҳбатҳо гузарониданд.
Кафедраи стоматология муолиҷавӣ