Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар…

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар…
Таърихи 25.12 соли 2019 ассистентони кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ Азизов Х.Д. ва Валиев Ш.Н. ба хобгоҳи №7-и МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф оварданд. Бо истиқоматкунандагони хобгоҳ сӯҳбатҳо доир ба «Ватани номдорам - Тоҷикистон» гузаронида шуд. Қайд карда шуд, ки Ватандӯстӣ дар байни донишҷӯён ва бошандагони хобгоҳ зарур аст. Ҳурмати ҳамдигар, дӯстӣ, одоби муошират ва меҳнатдӯстӣ – ин ҳама қувваҳои пешбарандаи давлату миллатанд. Истиқоматкунандагони хобгоҳ низ фикру ақидаҳои худро оид ба ин мавзӯъ иброз намуданд. Инчунин кормандони кафедра бо шароити зисту зиндагии донишҷӯен ва ҳуҷраҳои онҳо назар карда, ба онҳо барои тозаю озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳои зисти худ ва истифодабарии дурусти таҷҳизотҳои дар бинои хобгоҳ ҷойгир буда, маслиҳат доданд. Кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ
27.12.2019     741

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php