Гузаронидани сӯҳбат оиди бемориҳои сироятӣ дар хобгоҳ

Гузаронидани сӯҳбат оиди бемориҳои сироятӣ дар хобгоҳ

Дар таърихи 6-уми феврали соли 2019 ассистентони кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ Азизов Х.Д. ва Валиев Ш.Н. ба хобгоҳи рақами №7-и донишгоҳ ташриф оварда, доир ба мавзӯъҳои «Гепатитҳо» ва «ВНМО» бо истиқоматкунандогони хобгоҳи мазкур сӯҳбат гузарониданд.

Ҳангоми гузаронидани ин чорабинӣ ба донишҷӯён оиди бемориҳои гепатитҳои А, В, С ва вируси норасоии масъунияти одам, сабабҳои он, зоҳиршавии аломатҳои клиникӣ, тарзи гузаронидани ташхис, роҳҳои пешгирӣ ва табобати онҳо маълумоти пурра ва саҳеҳ дода шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар гузаронидани ин сӯҳбат донишҷӯён иштироки фаъолона доштанд, байни устодону донишҷӯён оиди ин бемориҳо саволу ҷавоб сурат гирифт ва донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Инчунин кормандони кафедра бо шароити зисту зиндагии донишҷӯен ва ҳуҷраҳои онҳо назар карда, ба онҳо барои тозаю озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳои зисти худ ва истифодабарии дурусти таҷҳизотҳои дар бинои хобгоҳ ҷойгир буда, маслиҳат доданд.

 Кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ

11.02.2019     478

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php