Корҳои таълимӣ.

Дар кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ донишҷӯёни курсҳои 2-5, ординаторони клиникӣ ва интернаҳои факултети стоматологӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳсил мекунанд. Дар Маркази таълимию клиникии «Стоматология» ҳуҷраҳои алоҳидаи бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонидашуда барои қабули амбулатории беморони профилӣ, ҳуҷраҳои рентгенологӣ ва физиотерапевтӣ вуҷуд дорад. Дар кафедра 1 ҷойи кори фантомӣ ва 2 ҳуҷраи таълимӣ ва 1 толори лексионӣ ташкил карда шудааст. Омӯзиши фан бо забони англисӣ ба нақша гирифта шудааст.
Донишҷӯён дар охири курси 3-юм имтиҳони гузариш ва дар охири курси 5-ум имтиҳони давлатӣ месупоранд. Донишҷӯёни курси 2-юм дар семестри тирамоҳӣ ба системаи кредитии таълим гузаштанд, ки мувофиқи нақшаи таълимӣ дар давоми семестр 2 маротиба (дарси 8-ум ва 15-ум) санҷиши фосилавиро (рейтинги 1 ва 2) дар Маркази ягонаи тестии донишгоҳ месупоранд.
14.01.2020     156

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php