Ворисони Сино – қаҳрамонони Ватан

Ворисони Сино – қаҳрамонони Ватан

Табибони тоҷик аз азал дар ҷаҳон маълуму машҳур буданд. Яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ, дар ҳамаи давру замонҳо, олими забардасти тоҷик Абӯалӣ ибни Сино буд.Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки рисолаҳои тиббии ӯ дар тӯли солҳо китоби рӯи мизии табибони ҷаҳон гаштааст. Бинобар ин мо гуфта метавонем, ки табибони Ватан ворисони Сино мебошанд.

Мувофиқи нақшаи корҳои таълимӣ - тарбиявии Кафедраи психиатрия ва психологияи тиббии ба номи проф. М. Ғ. Ғуломов ассистенти кафедра, А. А. Назимов бо донишҷӯёни курси 5-уми факултаи тиббӣ гурӯҳҳои 8-12 дар мавзӯи “Ворисони Сино – қаҳрамонони Ватан” соати таълимӣ-тарбиявӣ гузаронид. Дар чорабинӣ ассистентони кафедра Ш. С. Маҳмадназаров, А. А. Тағоев, З. Д. Қодирова ва В. Б. Ҳакимов иштирок намуданд.

Талбакова М. донишҷӯи гурӯҳи 12, курси 5-уми факултаи тиббӣ вобаста ба мавзӯъ маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.

Табибонро ҳамчун қаҳрамонони Ватан меҳисобанд.Чунки онҳо барои инкишофи илми тибби тоҷик, баланд бардоштани маърифатнокии тиббии аҳолӣ хизматҳои намоён кардаанд. Алҳол, ки ҷаҳон дар мубориза бар зидди пандемияи COVID - 19 қарор дорад, муборизони асосии ин беморӣ табибон ба ҳисоб мераванд. Табибони тоҷик дар тамоми бемористонҳои кишварамон баҳри муҳофизати ҷони аҳолии кишвар шабонарузӣ талош меварзанд.

Зимни баромад М. Талбакова оид ба ҳаёт ва фаъолияти касбии табибони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди: Раҳимов Яҳё Абдуллоевич - олим, доктори илми тиб, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ, арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино; Тоҷиев Комил - олим, доктори илмҳои тиб, профессор, Академики АИ ҶШС Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино; Исҳоқӣ Юсуф Баширхонович - доктори илмҳои тиб, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии СССР, узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии Россия, Арбоби хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино; Ғуломов Минҳоҷ Ғуломович - доктори илми тиб, профессор, академик, узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии СССР, Сарпсихиатри Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино сухан ронд. 

Мудири кафедраи психиатрия ва психологияи тиббӣ ба номи проф.М.Ғ.Ғуломов д.и.т.,проф. -    Шарапова Н.М. 

Мутассадӣ оид ба тарбия        -         Маҳмадназаров Ш.С.

10.10.2020     401

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php