Оби тоза омили пешгирикунанадаи бемориҳои сироятӣ
Об элементи муҳимтарини ҳаёт ба ҳисоб меравад. Ҳаёти зинда маҳз аз об сарчашма мегирад. Об дар ҳаёти инсон нақши муҳим мебозад. Дар умум 70 фоизи вазни бадани инсонро об ташкил мекунад. Миқдори об дар узву бофтаҳои организм гуногун тақсим шудааст. Масалан: ҷигар - 95%; устухон - 22%; гурдаҳо - 72%; хун - 85%; мағзи сар -75%; мушакҳо - то 70% - ро ташкил мекунад.
“Ба ақидаи мо, қайд намуд Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар иҷлосияи 55-уми СММ - вақти он расидааст, ки таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳон ба проблемаҳои об ва масъалаҳои ба он марбута ҷалб карда шавад. Ин ташаббуси мо ба хавфи муташаниҷ гардидани вазъияте мебошад, ки миллиардҳо одамон аз истеъмоли оби тоза маҳруманд...”.
Дар баъзе аз давлатҳои ҷаҳон аҳолӣ маҷбур мешаванд, ки оби аз нигоҳи экологӣ ифлосро истифода баранд, зеро ҳукумати ин мамлакатҳо онҳоро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин карда наметавонад.Таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ бо ҳуқуқ ба ҳаёт ва саломатӣ сахт алоқаманд буда, иҷро накардани ин уҳдадориҳо, метавонад худи мавҷудияти инсонро зери хавф гузорад.
Чорабинии илмӣ - тарбиявӣ таҳти мавзӯъӣ “Оби тоза омили пешгирикунандаи беморихои сироятӣ”, санаи 02. 10. 2020 дар кафедраи психиатрия ва психологияи тиббӣ ба номи проф. М. Ғ. Ғуломов, барои донишҷӯёни гурӯҳҳои 9 ва 10 курси панҷуми факултаи тиббӣ баргузор гардид.
Ташкилкунандаи чорабини ассистенти кафедра, мутассадӣ оид ба тарбия Маҳмадназаров Ш. С., маърӯза намуд донишҷӯи курси 5 гурӯҳи 9, Носиров Сорбон. Иштирок доштанд ассистентони кафедра Тағоев А. А. ва Ҳакимов В. Б.
Зимни маърӯза Носиров Сорбон аз ҷумла иброз намуд: Истифодаи оби тоза рӯз то рӯз бо афзудани аҳолии рӯйи Замин зиёдтар шуда истодааст. Дар замони ҳозира аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон аз норасоии оби тоза танқиси мекашанд. Дастрасии инсоният ба оби тозаи нӯшидани яке аз проблемаҳои муҳимтарини ҷаҳони имрӯза ба ҳисоб меравад. Маълум аст,ки беш аз 2 миллиард аҳолии кӯрраи Замин ниёзманди оби нӯшиданӣ ҳастанд.
Мутобиқи қатъномаи қабулнамудаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор ”, рӯзи 22-марти соли 2018 ҳамчун Рӯзи байналмилалии захираҳои об оғоз ёфта, 22-марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Даҳсолаи мазкур дар рушди усувор ва ҳамгироёнаи захираҳои об, тадбиқ ва пешбарии лоиҳаҳо дар соҳаи об, таҳкими ҳамкори ва ширкат ҷиҳати тадбиқи ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об, таҳкими самаранокӣ истифодаи захираҳои об равона шудааст.
Мудири кафедраи психиатрия ва психологияи тиббӣ ба номи проф. М.Ғ.Ғуломов д.и.т.,проф. Н.М.Шарапова
Мутассадӣ оид ба тарбия Маҳмадназаров Ш.С.