НОБ – и Роғун корзори воқеии нангу номуси мардуми тоҷик!

НОБ – и Роғун корзори воқеии  нангу номуси мардуми тоҷик!
Бар Роғуни мо нигар, ки ид омадааст,
Аз шаш тарафи Ватан навид омадааст.
Чун миллатро Сарвари фархунданакўст,
Ҳамфикрӣ зи иттиҳод падид омадааст.
Дар ин рўзҳо ва лаҳзаҳои фараҳбахшу хотирмон қалби ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар моломол аз ифтихору сарбаландист. Дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон–ба истифода додани ду агрегати Неругоҳи барқи обии Роғун воқеаи беназир мебошад. Мо ҳама хуб медонем, ки масъалаи ба истифода дода шудани агрегатҳои аввали НБО Роғун ба мавзўи рўз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату наҷод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷуҳи хоса дорад.
Мувофиқи нақшаи корҳои таълимӣ - тарбиявии кафедраи психиатрия ва наркология ба номи проф. Ғуломов санаи 10 – уми октябри соли 2019 бо донишҷӯёни курси 5, факултаи тиббӣ, гуруҳҳои 6-10 соати итилоотӣ - тарбиявӣ аз тарафи ассистентони кафедра Маҳмадназаров Ш. С. ва Қодирова З. Д. дар мавзӯи “НОБ – и Роғун корзори воқеии нангу номуси мардуми тоҷик” гузаронида шуд.
Сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун аз соли 1976 шуруъ шуда, то солҳои 90-уми асри гузашта идома кардааст. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон сохтмони нирӯгоҳро мутаваққиф намуд. Дар аввали солҳои 2000-ум Тоҷикистон бо ширкати “Русал”барои идомаи корҳои сохтмонӣ созишнома баст, вале дар соли 2007 Тоҷикистон аз он даст кашид. Давлати Тоҷикистон соли 2009 маъракаи фурӯши саҳмияҳои Роғунро роҳандозӣ карда ва эълон кард, ки онро бо нирӯи худӣ месозад.
Бо ҳамин мақсад ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» таъсис ва ойинномааш 15 апрели соли 2008, бо сармояи 116 млн сомонӣ тасдиқ гардид. Соли 2009 ҳадди ин сармоя ба 6 млрд сомонӣ расонида шуд.
Дар таърихи 29 октябри соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пешкардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқиобии Роғун ҳусни оғоз бахшид. Агрегати якуми НОБ- и Роғун 16 ноябри соли 2018 ва агрегати дуюм дар арафаи 28 –умин солгарди Истиқлолияти ҶТ, 9 сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд.
Мо баъди ифтитоҳи НБО Роғун ба чунин натиҷа расидем, ки ин ҳама натиҷаи тафаккури созандагӣ, эҷодӣ ва ояндабинона ва иродаи қавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, ПрезидентиТоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мудири кафедраи психиатрия ва наркология ба номи проф. М.Ғ.Ғуломов д.и.т.,проф. Н.М.Шарапова
Мутассадӣ оид ба тарбия ва фарҳанг Маҳмадназаров Ш.С.

21.10.2019     364

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php