Қадри устодат бидон то қадри худ орӣ ба ҷо

Қадри устодат бидон то қадри худ орӣ ба ҷо

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Аз қадим бузургони илму адаб ба устод эхтироми хосса дошта, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Ҳар касеро дар зиндагӣ устодест. Имрӯз чи муаллиму чи духтур, чи ронанда ва чи коргару бофанда ҳама устодону шогирдони худро доранд. Ҳамаро дар ҳаёт касе омузонидааст. Ягон кору амал, ягон пешравию афзалият, ягон бурду бохт безаҳмат, бемашаққату қадршиносии устоде ба авҷи аълое намерасад.

Мувофиқи нақшаи корҳои таълимӣ - тарбиявии Кафедраи психиатрия ва психологияи тиббии ба номи проф. М. Ғ. Ғуломов санаи 12 – уми октябри соли 2020 бо донишҷӯёни курси 5-ум, факултаи тиббӣ, гуруҳҳои 9 ва 12 соати итилоотӣ - тарбиявӣ дар мавзӯи “Қадри устодат бидон то қадри худ орӣ ба ҷо” гузаронида шуд. Ташкилкунандаи чорабинӣ ассистенти кафедра Назимов А. А.. Маърӯза намуд донишҷӯи гурӯҳи 12, курси 5-ум, факултаи тиббӣ Самадова З. Дар чорабинӣ ассистентони кафедра Ш. С. Маҳмадназаров, А. А. Тағоев ва В. Б. Ҳакимов иштирок намуданд. 

Зимни баромад Самадова З. чунин иброз намуд: Устод шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Деҳкону муҳандис,  духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои омӯзгоранд. Тобиши зиндаги бори дигар собит сохт, ки давлатӣ муаллим тар­бияи шогирдон аст.

Хулоса, ҳар кору амале ба устод эҳтиёҷ дорад. Наметавон бе дастгирию маводи касе кореро ба анҷом расонда соҳибобрӯ гашт.
Дар ягон давру замон қадр, манзалат ва бузургии одамони дастгир, устодон ва роҳнишондиҳандагон аз байн намеравад. Онҳо ҳамеша чун устоди бузург ва ситораҳои дурахшони ҳаёт мӯътабар ва зинданом буда, ҷамъият ба онҳо ниёз дорад. Бале, устодон ҳамеша зиндаёданд ва дар ҳар як лаҳзаи ҳаёт ба хотир оварда мешаванд, зеро пойдории ҳаёти кас ба устодон — нишондиҳандагони роҳу равиш, касбу камол ва роҳнамоёни зиндагӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ,  эҳтироми устод вазифаи муқаддаси ҳар як инсон аст. Ҳаёт бошад, давоми мантиқии дарси муаллим аст. 

Мудири кафедраи психиатрия ва психологияи тиббӣ ба номи проф.  

М.Ғ.Ғуломов д.и.т.,проф.     Н.М.Шарапова 

Мутассадӣ оид ба тарбия      Маҳмадназаров Ш.С.

13.10.2020     3723

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php