Семинар бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 21.11.19. дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби ДДТТ-и ба номи Абӯалӣ ибни Сино тибқи нақшаи мавзӯӣ-тақвимии дарсҳои кураторӣ семинар бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти мавзӯӣ «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон» бо донишҷӯёни курси 2 гурӯҳҳои куратории 3 ва 4-уми факултаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ гузаронида шуд.
Дар семинари мазкур ҳайати устодон ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд. Семинарро мутасадди оид ба корҳои тарбиявӣ дар кафедра Шарифзода Ф.Ҷ. ҳусни оғоз бахшида, омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба ифтихори ин ҷашни бузург яъне Рӯзи Парчами миллӣ табрик намуда, қайд карданд, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шуда ҳар сол дар саросари мамлакат ҷашн гирифта мешавад ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз зери Парчами Ваҳдату якдилӣ ба хотири эъмори ҷомеаи мутамаддин устуворона қадам мегузоранд ва бо азму иродаи созандаи худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҷовидона муқаддас медоранд ва бо рӯҳи болида ин рӯзро таҷлил мекунанд.
Баъд аз он донишҷӯӣ курси 2 гуруҳи 3-ум Пиракова Моҳихуросон бо маърӯзаи худ дар мавзӯи «Парчами Тоҷикистон, Парчами ному нанги мо» баромад намуд. Инчунин Хайруллоева Мафтуна маърӯза дар мавзӯи «Парчами осмонбӯс-и Тоҷикистон, ифтихори тоҷикон» баромад намуда хотири ҳозиринро шод гардониданд. Дар фароварди вохӯрӣ, иштирокчиёни семинар, донишҷӯён, доир ба таърихи пайдоиши Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маърӯзачиён саволҳо доданд ва ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.
Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб
24.11.2019
402