Нақши Пешвои миллат дар ташаккули сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ

Нақши Пешвои миллат дар ташаккули сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ

Дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби МДТ “ДДТТ-и ба номи Абӯалӣ ибни Сино” семинар бахшида ба мавзӯъи «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ» бо донишҷӯёни курси 2-юми гурӯҳҳои 3-юм ва 4-уми факултаи тиббӣ-профилактикӣ гузаронида шуд.

Дар семинари мазкур ҳайати устодон ва донишҷӯён фаъолона   иштирок намуданд. Семинарро мудири кафедра Ҷураева Н. С. ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба нақш ва мақоми Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ - Пешвоӣ миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон, Истиқлолиятӣ давлатӣ, якпорчагии Ватан, пойдории давлат, таҳкими демократия, тахкими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ ба донишҷӯён маълумот дод. Онҳоро ба Ватандӯстию бунёдкорӣ ва аз бар намудани илмҳои замони худ даъват намуда, таъкид намуд, то суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро сармашқи кори ҳарузаи худ намуд. Даъват аз он дошт, ки ҷавонон пайравони Сарвари давлат гашта, дар ободии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

Баъдан донишҷӯи курси 2-юм аз гурӯҳи 3-юм Назаров Акбаралӣ бо маърузаи худ дар мавзӯи «Пешвои миллат-муаррифгарӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол» баромад намуд. Инчунин Ҷабборова Фараҳноз аз гурӯҳи 4-ум маъруза дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими мавқеи ҷавонон » баромад намуда, хотири ҳозиринро шод гардонид. Дар фароварди вохӯрӣ, иштирокчиёни семинар, донишҷӯён ба маърӯзачиён саволҳо дода ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд. 

Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ

ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб

09.10.2020     454

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php