Нақши Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиббӣ Тоҷикистон

Нақши Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиббӣ Тоҷикистон

Санаи 28.11.2019 сол дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби ДДТТ-и ба номи Абӯалӣ ибни Сино тибқи нақшаи мавзӯӣ-тақвимии дарсҳои кураторӣ семинар бахшида ба 80-солагии Муассисаи давлатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳти мавзӯӣ «Нақши Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиббӣ Тоҷикистон» бо донишҷӯёни курси 2 гурӯҳҳои куратории 3 ва 4-уми ва донишҷуёни курси 4-ум гуруҳи 1-и факултаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ гузаронида шуд.

Дар семинари мазкур ҳайати устодон ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд. Семинарро мутасадди оид ба корҳои тарбиявӣ дар кафедра Шарифзода Ф.Ҷ. ҳусни оғоз бахшида, омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба ифтихори 80-солагии Муассисаи давлатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино табрик ва муборакбод намуда, қайд карданд, ки имрӯз донишгоҳи мо 80-умин солгарди хешро ҷашн мегирад. Бо доштани маълумоти таърихӣ зимнан қайд кардан ба маврид аст, ки тоҷикон дар соҳаи тиб аз давраҳои қадим хеле дастовардҳои беназир доштаанд. Илми тиббӣ ҷаҳониро маҳз заҳматхои бузургони тоҷик бою пурғановат гардонидааст. Аз ҷумла яке аз онҳо Абӯалӣ ибни Сино дар асрҳои X-XI мебошад, ки баъди он то ҳол олимону донишмандони тамоми дунё дар соҳаи тиб мероси тиббии онро истифода мебаранд. Бинобар ин заҳматҳои ин нобиғаи бузургро ба назар гирифта Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино гузошта шуд. Баъд аз он донишҷӯӣ курси 2 гуруҳи 3-ум Шокиров Ромишҷон бо маърӯзаи пурмазмуни худ тахти мавзӯи «Нақши Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар тайёр намудани кадрҳои соҳаи тиб» баромад карда изҳор намуд, ки бо фахр метавон гуфт, ки бисёре аз хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино дар зиёда аз 40-давлати дунё кору фаъолият менамоянд. Дар фароварди вохӯрӣ муаллимаи калони кафедра Нуриддинова Н.Н. сухан намуда иштирокчиёни семинар, донишҷӯёнро табрик гуфта дарҷ кардан, ки боиси ифтихор аст, ки шумо имрӯз дар чунин донишгоҳи бонуфузи ҷумҳури таҳсил менамоед ва ҳар як дақиқаи вақти худро ғанимат дониста доимо дар пайи омӯзиш бошеду яке аз кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиббу нигаҳдории тандурустӣ на танҳо дохил балки хориҷӣ мамлакат гардида муарифгари донишгоҳи худ дар арсаи байналмилалӣ гардед.

Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ

ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб


03.12.2019     486

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php