Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгор

Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгор

Санаи 01.10.2020. дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби ДДТТ-и ба номи Абӯалӣ ибни Сино семинар бахшида ба Рӯзи омӯзгор таҳти мавзӯъи «Ҷашн дорад ин замон дар мамлакат омӯзгор» бо донишҷӯёни курси 2 гурӯҳҳои куратории 1 ва 2-и факултаи тиббӣ-профилактикӣ гузаронида шуд.

Дар семинари мазкур ҳайати омӯзгорони кафедра фаъолона иштирок намуданд. Семинарро мутасаддӣ оид ба корҳои тарбиявӣ дар кафедра Шарифзода Ф.Ҷ, оғоз намуда, ба донишҷуён дар бораи Рӯзи омӯзгор   таърихи пайдоиши ин рӯз ва ҳурмату эҳтиром гузоштан нисбати ин шахси воломаком. Мақсади баргузории семинарро дар баланд бардоштани савияи дониш ва маълумотнокии донишҷӯён  баён намуд. Баъд аз он донишҷӯӣ курси 2 гуруҳи 2-ум Ҷураева Шабнам бо маърузаи худ дар мавзӯи «Муаллим равшангари шоми шогирдон» баромад намуда ба шунавандагон маълумоти пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.

Дар анҷоми семинар барои мустаҳкам намудани маълумотҳо дар байни донишҷӯён викторинаи интеллектуалии хеле шавқовар пешниҳод гардида, донишҷуёни фаъол туҳфаҳо тақдим карда шуд.
02.10.2020     226

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php