Сифати дарсҳо мавриди санҷиш қарор гирифт
Дар кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ бо мақсади хуб ба рох мондани корхои таълим ва назорати сифати таълим дар санаи 20 02 2020 дар иштироки намояндагони сифати таълим санҷиши савияи дониши донишҷӯён ва тарзи дарсбарии омӯзгорони ҷавон гузаронида шуд. Мушаххасан дарсҳои муалимаи ҷавон Мижгони Шуҳратзода ҷавобгӯи ҳамаи талаботҳои сифати таълим буд ва боиси таҳсину офарин гардид. Дар он мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ д.и.к., профессор Раҷабов У.Р. ва муаллимони кафедра Азаматов А.Қ. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ
24.02.2020
308