Рисолаи номзадӣ ба Шурои диссертатсионӣ тавсия шуд

Рисолаи номзадӣ ба Шурои диссертатсионӣ тавсия шуд
14-уми марти соли 2020 дар кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дифои қаблии рисолаи номзадии аспиранти кафедра Султонов Р.А. дар мавзӯи «Синтез ва таҳқиқи пайвастаҳои координатсионии руҳ, оҳан бо атсетилсистеин ва истифодаи он дар фарматсия», роҳбари илмӣ мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» доктори илмҳои химия, профессор Раҷабов У.Р., ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фарматсевтӣ шуда гузашт. Дар ҷаласа академики АТТ, доктори илмҳои фарматсевтӣ ва биологӣ, профессор Бобизода Ғ.М., узви вобастаи АИ ҶТ д.и.б., профессор Ҷумъаев Б.Б., доктори илмҳои тиб, профессор Сабурова А.М., мудири кафедраи фтизопулманология доктори илмҳои тиб, профессор Сангинов А.С., кормандони Озмоишгоҳи Марказии илмӣ- тадқиқотии донишгоҳ н.и.т, дотсент, Мақсудова Б.М., н.и.т. Самандаров Н.С., Абдуллоев З.А., директори маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии фарматсия, н.и.б., дотсент Раҷабов Г.О., декани факултети стоматологӣ, н.и.б., дотсент Қаландарзода Ё.Х., мудири кафедраи технологияи фарматсевтӣ н.и.ф. Рамазони Сафарзода, ҷонишини декани факултети фарматсевтӣ Талбов Ф., омузгорони кафедраи химияи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ, фармакогнозия ва ТИФ ва дигарон иштирок ва баромад намуданд.
Дар охири ҷаласа рисолаи номзадии Султонов Р.А. барои дифоъ ба Шурои диссертатсионӣ тавсия гардид.
17.03.2020     420

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php