Таърихи кафедра


Кафедраи кимиёи органикӣ ва физколлоидӣ соли 1970 ташкил шуда буд. То он вақт кимиёи аналитикӣ, органикӣ ва биохимия омӯхта мешуд. Аз соли 1970 инҷониб номи кафедра як чанд маротиба иваз карда шудааст, ки сабаби он дигар шудани тақсимоти сохтори доишгоҳ, дигар шудани барнома ва нақшаҳои таълимӣ мебошад. Дар давраҳои гуногун номи кафедра хамчун кафедраи кимиёи органикӣ ва физколоидӣ, химияи тиббӣ, химияи умумӣ ва биоорганикӣ номбар карда мешуд, лекин аз соли 1998 инҷониб номи кафедра бетағйир истодааст.
Ташкилкунанда ва мудири аввалини ин кафедра профессор д.и.т Собиров Султон Собирович буд, ки то соли 1998 ба он роҳбарӣ намудааст. Қобилияти ташкилотчигӣ ва мақсади мукаммал намудани раванди таълимӣ ва корҳои илмӣ ба ӯ имконият доданд, ки дар кафедра коллективи пурқувати илмӣ-педагогиро ташкил кунад. Ӯ барои пешрав шудани факултети фарматсевтӣ бисёр корҳоро ба анҷом расонидааст, чунки худи ӯ факултети химико-фарматсевтии институти Ленинградро хатм намуда буд.
Дар давоми қариб 40-соли таърихи кафедра яке аз масъалаҳои асосии коллективи педагогӣ ин мукаммал намудани корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявӣ буд. Коллективи кафедра барои беҳтар ва мукаммалтар намудани корҳои таълимӣ-методӣ тамоми қувваи худро сафарбар менамуданд ва намуда истодаанд, чунки ин масъала аз ҳама масъалаи асосӣ буд ва мемонад. Дар ин роҳ коркунони кафедра зиёда аз 30 корҳои таълимӣ-методиро ба анҷом расонидаанд. Муҳимаш дар он аст ки бисёре аз ин корҳо бо забони тоҷикӣ нашр шудаанд.
Дигар масъалаи муҳиме, ки дар назди педагогҳо меистад ,ин кори тирбиявист. Дар давоми солҳо то имруз ҳамаи омӯзгорон дар кафедра кори кураториро ба ӯҳда доранд. Меҳнати чандсолаи коркунони кафедра дар ин соҳа беҳуда нарафтааст, чунки бисёр аз донишӯёён роҳбарони аввалини худро бо некӣ ёд мекунанд.
Яке аз дастовардҳои асосии кафедра кори илмӣ –тадқиқотӣ мебошад. Боиси фахр аст, ки дар ин соҳа коркунони кафедра муаллифи зиеда аз 400 корҳои илмианд (мақолаҳо,тезисҳо, шаҳодатномаи муллифӣ, патент, таклифҳои ратсионализаторӣ), ки онҳо дар нашриётёои ватанӣ ва хориҷа ба чоп расидаанд. Дар кафедра 3 кори докторӣ ва 15 диссертатсияҳои номзадӣ иҷро ва ҳимоя карда шудааст. Аввалин мавзӯи илмии кафедра бо синтез ва омузиши пайвастагияҳои атсетиленӣ равона карда шуда буд. Дар оянда бошад коркунони илмии кафедра мавзӯъҳоро васеъ намуда, садҳо пайвастагиҳои нави алифатӣ ва гетеросиклии нитрогендор ва сулфурдорро, ки дар ягон адабиёт доир ба онҳо маълумот набуд, ҳосил кардаанд.
Натиҳаи дастовардҳои кафедра аҳамияти хеле калон доранд, чунки бисёр пайвастагиҳои ҳосилкардашуда фаъолияти баланди биологиро зоҳир мекунанд.
Бо роҳи таҷрибавӣ исбот шудааст, ки бисёре аз онҳо хосияти антимикробӣ, зидди шамолхӯрӣ
Дар кафедра таркиби растаниҳои ватанӣ, ки алкалоидҳо доранд омӯхта мешаванд. Дар натиҷаи кор дар ин самт коркунони кафедра аз ҳисоби растаниҳои таҳҷои тақрибан 40 алколоиди дитерпенӣ, ки маълум шуд, ки 15-тои он аввалин бор ҳосил карда шудаанд.
Шумораи зиёди донишҷӯён ҳама сола бо маърузаҳои илмӣ дар конференсияҳои илмии донишҷӯён иштирок мекунанд, ки ба онҳо омӯзгорони кафедра роҳбарӣ менамоянд. Бархе аз ин корҳо ҳамчун кори курсӣ е кори дипломӣ ба анҷом расидааст. Дар давоми солҳои зиёд омӯзгорони кафедра донишҷӯёнро барои иштирок дар олимпиадаҳои республикавии донишҷӯён аз фанни химия тайёр мекунанд, ки дар натиҷа донишҷӯён борҳо соҳиби ҷои 1 ва 2 шудаанд.
Таърихи кафедраро варақ зада, номи коркунонеро, ки бе онҳо ба ин дастовардҳо ноил шудан мумкин набуд, ёдовар мешавем.
Асосгузорандаи он ва мудири аввал, профессор Собиров С.С, ки кафедраро то охири умри худ роҳбарӣ намудааст, олими барҷаста ва педагог барои пешрафти илм ва тайёр намудани кадрҳо саҳми зиёд гузоштааст. Ӯ бо номи пуршарафи (Аълочии маорифи халқ, Корманди шоистаи илм ва техника, Корманд-навовар) ва бо Ордени Меҳнати Байрақи Сурх қадрдони шудааст. Инчунин дар кафедра дар давраҳои гуногун професорон Нарзуллоев А.С, Гулин А.В, дотсентҳои Гребенникова А.Е, Исмоилов Д.И, Самиев М.С, Тураев О.Д, Гозиева М.Т., Муҳамадкулова М.П., Темурова М.Т.,Бабаханова М.Д.,Сверчкова Т.И., Файзилов И.У., Матвеет В.М., номзадҳои илм Исмоилов М.И., Гневашева Л.М., Лангариева Д.С., Бердиев А.Э.,Қосимова ва дигарон кор ва фаъолият намудаанд. Баъзе аз онҳо то ҳоло дар кафедра кор мекунанд. Дигарон дар ҷои дигар фаъолият мекунанд ё нафақахӯранд ё ин ки муттаасифона дар қайди ҳаёт нестанд.
Аз соли 1999 то соли 2015 профессор Ҳоҷибоев Ю.Х кафедраро роҳбари намудааст. Бо роҳбарии ӯ 2 диссертатсияи номзадӣ ва ҳимоя расид. Ӯ муаллиифи зиёда аз 100 корҳои илмӣ мебошад, ки аз онҳо 1 монография, 2 курси лексия, 10 таълимӣ-методии гуногун мебошад. Профессор Ҳоҷибоев Ю.Х Аълочии маорифи халқи РТ аз соли 1995 мебошад. Соҳаи кори илмӣ-таҷрибавии ӯ “Синтез ва таҳлили хосиятҳои гетеросиклҳои конденсатсионии имидазол ва 1,3,4-тиадиазол ва ҳоисилаҳои фуексионалии он” мебошад. Дар ин кори илмӣ Ҳоҷибоев Ю.Х ба натиҷаҳои баланд ноил гашт. Ӯ даҳҳо моддаҳои нав, ки пештар оиди онҳо дар адабиёт маълумот набуд, ҳосил кард, инчунин 90 мақолаю тезисҳо дар маҷаллаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба чоп расонид.
Аз соли 2015 то 2016 кафедраро Абдираззоқов А.А роҳбарӣ кардааст. Аз соли 2016 то имрӯз кафедраро дотсент Файзилов И.У. роҳбарӣ намуда истодааст.
Ҳоло дар кафедра, профессорон Ҳоҷибоев Ю.Х., Исобоев М.Ҷ., дотсентон Абдиразоқов А.А , Шарипова Р.Е, муаллими калон: Николаева В.В, Шарипова К.С., ассистентон: Шамсутдинова Ш.С, Меликов Б.Х, Обидов Ҷ.М, лаборанти калон Нажмидинова Ф.С. кор ва фаъолият мекунанд.
Дар солҳои охир коркунони кафедра доир ба химияи биоорганикӣ курси лексияҳои нав, барномаҳои амалкунандаи нав барои донишҷӯёни курси 1-уми факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ ва НТҶ бароварда шуданд. Барномаи мазкур бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо стандарти давлатии маориф ҷавобгӯ тартиб дода шудаанд.
Дар он мақсад ва масъалаҳои фан, дараҷаи азхудкунӣ, санҷиши сатҳи дониш, нақшаҳои тематикии лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ ва нақшаҳои тематикӣ барои кори мустаъқилонаи донишҷӯён вобаста ба системаи кредитии омӯзишӣ тартиб дода шудаанд.
Мундариҷаи программа аз рӯи ин фан ба мавзӯҳои тиб хеле наздик буда, мавзӯҳои зеринро дар бар мегиранд: асосҳои биоэнергетика,кинетикаи реаксияҳои ферментативӣ дар организм, элементҳои таҳлили миқдорӣ ва ҳаҷмӣ, хосиятҳои осмосии маҳлулҳо, пайвастагиҳои комплексӣ ва аҳамияти онҳо барои организм, химияи элементҳои биогенӣ, пайвастагиҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъоли хурдмолекулла ва калонмолекулла ва роли онҳо дар организмҳои зинда, ҳодисаҳои сатҳӣ, системаҳои дисперсӣ ва функсияҳои он барои организмҳои зинда, хосиятҳои физико-химиявии маҳлулҳои биополимерӣ ва ғайра. Дар программа, инчунин реаксияҳои оксиду-барқароршавӣ, хосияти кислотагӣ-асосии маҳлулҳои дар организми зинда мавҷудбуда, мувозинати металл-лигандҳо, маҳлули электролитҳо, пайвастагиҳои гидрофобӣ ва гидрофилӣ, ки барои протсесҳои физиологӣ, яъне гомеостази организм роли муҳимро мебозанд, омадааст.
Мундариҷаи барнома аз курси химияи интихобан ҷамъбасткардашуда, ки барои раванди омӯзиш ва тайёр кардани кадрҳои тиббӣ лозим аст, иборат мебошад. Дар кафедра инчунин курси химияи биоорганикӣ барои курсҳои 2-юми факултети фарматсевтӣ омӯзонида мешавад. Аз рӯи курси додашуда соли 2019 барномаи нави таълими тартиб дода шуд, ки мувофиқи он машғулиятҳо дар факултети фармасевтӣ дар асоси низоми кредитӣ гузаронида мешаванд.
Дар кафедра солҳои охир якчанд дастурҳои таълимӣ – методӣ бо забони тоҷикӣ ва русӣ ва зиёда аз 60 мақола ва тезисҳои илмӣ нашр шудаанд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php