Роғун-ҷабҳаи номуси миллӣ

Дар кафедраи ҷарроҳии кўдаконаи донишгоҳ бо иштироки кормандон ва донишҷуёни курси 5 - уми факултети тибби гӯруҳҳои 43,44,45,46 ва курси 4 - уми факултаи педиатри гуруҳҳои 1, 2–юми ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино қамъомади тарбиявӣ таҳти номи “Роғун-ҷабҳаи номуси миллӣ” гузаронида шуд.
Оиди ин масъала н.и.т., дотсент, Сафаров А.С. баъди оғоз бахшидани ҷаласа баромад карда таъкид намуд, ки рўзи 9.09.2019 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Ҷаноби олӣ Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тугмачаи рамзӣ, яъне ба кор шуруъ кардани агрегати дуюми неругоҳи барқии обии “Роғун” пахш шуд. Таҷлили ба кор шуруъ намудани агрегати дуюми иншооти аср неругоҳи барқии обии “Роғун”, ки барои миллати тоҷик аҳмияти стратегӣ дорад, ҳатман зарур аст.
Роғун яке аз иншоотҳое мебошад, ки ояндаи Тоҷикистонро дурахшон месозад. Яъне энергияе, ки ин иншоот истеҳсол мекунад барои хуб гардонидани сатҳи зиндагии мардум ва рушду нумуи давлати мо мусоидат менамояд.
Ассистенти кафедра н.и.т. Займудинов Б.М. низ оид ба ин масъала баромад карда қайд намуд, ки имрўз мавзўи бунёди Кохи нури Тоҷикистон ба шиори рўз табдил ёфта ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷўҳи хоса дорад. Саҳифаҳои матбуоти даврӣ, намоишу гуфторҳои телевизион ва радио пайваста доир ба рафти корҳои ин сохтмони муҳташам маводи ҷолиберо ба мардум пешкаш менамояд.
Чи тавре президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғўши шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод”.
Расидан ба ҳадафи давлат шиори сабзи девони миллат аст:
Роғун, Роғун чароғи сабзи ватанаст,
Ободии мулки Тоҷикистони ман аст.
Бо заҳмати халқи мо шавад он бунёд,
Роғун ба мисоли мактаби илму фан аст.
Дар таърихи 16.11.2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пахши тугмачаи рамзӣ, яъне ба кор шуруъ кардани агрегати якуми неругоҳи барқии обии “Роғун” дар фазои тантанавӣ шуда гузашт ва дар ҷашни 28 - умин солгарди истиқлолияти давлатӣ агрегати дуюми ин иншооти бузурги аср ба кор андохта шуд.
Донишҷӯйи курси 5 - уми гӯруҳи 46, факултаи тибббӣ Салеҳов Абдулло оиди ин масъала баромади худро аз мисраҳои шеърии зерин оғоз кард.
Ҳар шаб зи худат бипурс агар ки мардӣ,
К - имруз чй хизмате ба мардум кардӣ.
Номбурда бо ироаи ин байт нақши амалҳои некиву накукориро барои зиндагии ҳар шахс мухим арзёбӣ намуд:
Шахсияти арзанда дар дунё аз худ се чизро боқӣ мегузорад:
1.Садақаи ҷория - бунёди боғ. 2. Илми кофӣ - яъне офаридани асаре. 3. Фарзанди солим ба дунёовардан, ки боиси ифтихору болидагист.
Имруз миллати тоҷик роҳбару роҳнамо, роҳбаладу сарвари бузургу кордон ва ифтихорманд Президенти бузурги давлат Эмомалӣ Раҳмонро дорад, ки як миллати бузургро роҳбаладӣ мекунанд. Имрӯз миллати тоҷик давлати абарқудрат, демократӣ, дунявӣ, созанда ва ҳуқуқбунёд дорад. Имрӯз ин миллат муқаддасоти бузурги давлаташро эътироф мекунад.
Таъкид шуд, ки пешрафту ободии кишвари азизамон маҳз бо хизматҳои бе андозаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва мо мардуми тоҷик, алалхусус ҷавонон бояд ба монанди ин марди ҷасур дар самти ободкории Ватани азизамон камари ҳиммат баста, боз ҳам давлати худро ободу, зубову нуронӣ гардонем.
Сафаров А.С. дотсенти кафедраи ҷарроҳии кўдакон
13.09.2019     343

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php