Рӯзи Президент

Рӯзи Президент
Иштирок карданд: Кормандони кафедраи ҷарроҳии кӯдакон, ординаторони клиники, духтурони интерна ва донишҷуёни курси 3 - уми факултети педиатри гӯруҳҳои 1,2,3, МДТ ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино.
Раисон : мудири кафедра д.и.т., профессор Султонов Ш.Р. дотсенти, кафедра н.и.т., Сафаров А.С.
Рӯзномаи маҷлис: “Президент кафили сулҳу осоиши кишвар”
Нисбати рузи Президент мудири кафедра д.и.т., профессор Султонов Ш.Р. дотсенти, кафедра н.и.т., Сафаров А.С. қайд карданд, ки ҷашнгирии ва омодаги ба рузи Президент дар ҷумҳурии азизамон шуруъ аз соли 2016 инҷониб ҳамасола ба анъана даромада дар як сатҳи хуб ҷашн гирифта мешавад.
Мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст.
Зикр бояд намуд, ки беш аз 26 сол мешавад, ки миллати сарбаланди тоҷик бо сардори ва заҳматҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон ба дастовардҳои беназир соҳиб гардидааст, ки ҳар як фарди бо нангу бономус ва шукургузор бояд нодида нагирад.
Дар арсаи байналмилалӣ Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад.
Барои ҳамин моро мебояд ин санади муҳимро, ки барои ҳар як шаҳрванд муҳимияти зиёд дорад ҷашн гирифта фаҳмондадиҳиро ба насли ҷавон дар ин самт ҷоннок карда ва боз ҳам хубтар бароҳ монем.
Баъд аз устодон ва донишҷӯён хоҳиш намуданд, ки нисбати ин масъала фикру андешаҳои худро баён кунанд.
Баромадҳо.
Оиди масъалаи мутассадии оиди тарбияи кафедра н.и.т., Займудинов Б.М., бо як маърузаи омодакардаи худ баромад карда, гуфта гузаштанд, ки дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон низ шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехуранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Чунин шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ Вашингтон Президенти Амрикои демократӣ, ки то имрӯз мардуми Амрико ба эҳтироми ӯ зодрӯзашро ҳамчун рӯзи Президент ҷашн мегиранд, ё худ сарвари мамлакати Хитой Мао Сзе Дун, Туркия Мустафо Камол дар пешрафти кишварҳои худ саҳми арзишманд доранд.
Саҳифаҳои таърих шоҳид аст, ки дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳии мардуми мо тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқ ҳодиву раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмонро Худованд насиб гардонид.
Мақсад аз рузи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии Президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси Намояндагон палатаи поёнии парлумон 11 апрели соли 2016 оиди таҷлил аз «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуда қарор қабул карда шудааст дар моддаи 2 қонуни ҶТ. «Лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилали таҳия гардидааст».
Дар охир тамоми иштирокчиёни ҷаласаро бо рӯзи Президент самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно карданд.
Баъд донишҷуи курси 5- уми факултаи тибби гуруҳи 19 – Ҳасанова Табассум оиди рузи Президент баромад карда аз рузи таввалуди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон оғоз карда тамоми таърихи ҳаёт ва кай қабул намудани Президентии Тоҷикистонро то ба имруз ба аҳли маҷлис гуфта гузаштанд. Новобаста ба вазъи душвори таърихии сахту сангин ва давраи гузариш, ки бо ташаккули низоми сифатан нави иҷтимоию иқтисодӣ алоқаманд мебошад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷои кор гардидани онҳо ва мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекарданд ва кардаистодаанд.
Аз ҷумла қайд карданд, ки аз даврони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданашон мукофотҳои зиёдеро соҳиб гаштааст: 12 орден, 10 медал ва 7 то унвони фахри қадрдони гардидааст. Инчунин қайд карда шуд, ки Президент аз соли 1999 инҷониб қаҳрамони миллати тоҷик дониста шудааст.
Баъд бо ордени алмаз "Звезда мецената" — (Русия), ордени Александр Невский (Русия), ордени "Қаҳрамони давлати Афғонистон — Ахмад Шах Масуд", ордени "Полумесяца и звезды" Кумитаи байналмилалии зидди террористи, нашъаманди INTERSAFETY, ва ғайра қадрдони карда шудааст.
Дар охир гуфтанд, ки моро мебояд, ки уҳдадориҳои худро нисбат ба ин санади муҳим инкор насохта ҳамчун як фарди бонангу бо номуси ҷомеаи имруза ба қадри хизматҳо беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида шукронаи тинҷию ороми Ватани азизи худ карда ба халқ, Ватан ва Президент содиқ бошем. Баъд тамоми иштирокчиёни маҷлисро ба рузи Президент табрику таҳният намуданд.
Дар охир мудири кафедра д.и.т., профессор Султонов Ш.Р. ва дотсенти, кафедра н.и.т., Сафаров А.С. қайд намуданд, ки аз баромадкунандагони ҷаласаи имруза аксари иштирокчиён неруи мусби гирифта аз бисёр чизҳо бохабар шуданд. Баъд қайд карданд, ки дар ҳақиқат Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҳадяи таърихи ва пайки наҷот ба миллати тоҷик буда ҳамчун туҳфаи олитарини Худованд буд, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба миллати тоҷик насиб гардонид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Оиди тамоми заҳматҳои шабонарузии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон, дастовардҳо баромадкунандагон гуфта гузаштанд, ки ҳоҷат ба баён нест. Барои баромадкунандагон ташакури зиёд барои бисёр як баромадҳои пур муҳтаво ва ибрат бахш.
Дар охир тамоми иштирокчиёни ҷаласаро ба рӯзи Президент табрику танҳият гуфта тансиҳати, хонаободи ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуда, таҳкид карданд, ки гуфтаҳои дар боло зикр гардидаро қабул дониста баҳри дар амал иҷро намудани таълиму тарбияи насли ҷавон коллективи кафедра бетараф набошанд.
Бо ҳамин ҷаласа ба анҷом расида карор қабул карда шуд:
Қарор:
1. Ахборот оиди рузи Президент қабул дониста шавад.
2. Нусха аз протоколи ҷаласа бо таври хати ва электрони ба шуъбаҳои дахлдори донишгоҳ ирсол карда шавад.
Раис: Мудири кафедра д.и.т., профессор Султонов Ш.Р.
Котиб: асс.кафедра н.и.т. Займудинов Б.М.
20.11.2019     972

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php