Поянда бод Истиқлолияти Тоҷикистон

Поянда бод Истиқлолияти Тоҷикистон

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ халқи шарифи Тоҷикистон дурнамои пешрафти кишварро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва ягона муайян намуд. Вобаста ба санаи муҳими тақдирсоз будани рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” бо иштироки кормандони кафедра, ординаторони клиникӣ, интернњо ва донишҷӯёни курси 5-уми донишгоҳ ҷаласаи тарбиявӣ гузаронида шуд. Мудири кафедра н.и.т Сафедов Ф.Х. суханро оғоз карда қайд намуд, ки аз рӯзи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, фарҳанг, маориф илму техника беҳбудиҳо ва пешравињои зиёд ба амал омадааст ва ин моро водор месозад, ки барои боз ҳам шукуфонии ватани азизамон саҳмгузор бошем. Дотсенти кафедра н.и.т., Сафаров А.С. зимни баромад таъкид намуд, ки дар давоми 29- соли Истиқлолият, ки дар таърих он қадар вақти зиёде нест, мо ба дастовардҳои бисёре ноил гаштаем, ки ин боиси таҳсин ва ифтихор мебошад. Акнун моро мебояд, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо, яъне сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ расем.

Маълум аст, ки ҳадафҳои асосии Сарвари маҳбуби кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии шоистаи мардум равона карда шудааст. Яке аз ҳадафҳои асосӣ ин расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар мебошад, ки мо зина ба зина ба ин ҳадаф расида истодаем. Ду агрегати неругоҳи калонтарин НБО - Роғун кори худро бо пурраги оғоз намудаанд.

Доир ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ асситенти кафедра Шарипов Н.Ш. ва донишҷуйи гӯр.31 курси 5-уми фак. тиббӣ Бораҷабова Н. суханронӣ карданд. 

Мудири кафедра н.и.т        Сафедов Ф.Х. 

асс.кафедра                  Шарипов Н.Ш.

05.10.2020     376

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php