Ҷаласаи тарбиявӣ-фарҳангӣ

Ҷаласаи тарбиявӣ-фарҳангӣ
Дар кафедраи ҷарроҳии кудакон ҷаласаи тарбиявию фарҳангӣ гузаронида шуд. Ҷаласаро дотсенти кафедра н.и.т. Сафаров А.С., оғоз намуда қайд кард, ки дар баробари дигар ҷашнҳои миллӣ дар ватани маҳбуби мо Соли Нави мелодиро ҷашн мегиранд. Соли нави мелоди идест, ки дар вақти гузариш аз рузи охирини сол ба рузи аввалини соли оянда меояд. Аз ҷониби халқҳои гуногун вобаста ба тақвими қабул намудаашон ҷашн гирифта мешавад. Оғози сол аз 1 - уми январ аз ҷониби фармонфармои рими Юлий Тсезар дар соли 46 пеш аз мелод ҷори карда шуда буд. Бисёр кишварҳо соли навро рузи якуми январ, дар рузи аввали соли нав бо тақвими Григорий ҷашн мегиранд. Яке аз усули ҷашнгирии соли нав ин аст, ки ҷамъомадагон аввал соли куҳанро гусел мекунанд хотираҳои дар он сол ва хушиҳои соли гузаштаро ба ёд меоранд. Дигар рамзи соли нав ин арчаи соли навӣ аст, ки бо бозичаҳои гуногун орову торо медиҳанд. Пешвози соли нав дар бисёр кишварҳо яке аз ҷашнҳои асоси ба шумор рафта онро бо маъракаҳои гуногуни эстради, дастархони идона мегузаронанд. Дар кишвари мо инчунин арчаҳо дар майдончаҳои марказии ноҳияву шаҳракҳо бо таври лозима орову торо дода, дар гирди он асосан кудакон, наврасон ва ҷавонон хурсандӣ мекунанд. Пас аз қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросимҳо, соли нав дар доираи оила ҷашн гирифта мешавад бе харҷҳои зиёдатӣ, ки ин барои пешрафти сатҳи зиндагии мардум бисёр муҳим мебошад. Ассистенти кафедра н.и.т., Сафедов Ф.Х., дар баромади худ қайд намуд, ки солинави мелодӣ аз ҷашнҳоест, ки қариб дар тамоми давлатҳои демократии дунё ҷашн гирифта мешавад. Новобаста аз мушкилиҳои зиёди умумиҷаҳонӣ, ба монанди зиёдшавии гуруҳҳои экстремистию террористӣ, бӯҳронҳои молӣ, соли равон барои мардуми кишвар бобарор буд. Дар соли равон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳолии мардум як қатор нақша чорабиниҳо ба анҷам расонида шуд. Яке аз онҳо ин ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун, яъне наздик шудан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат, дигар кушодашавии муассисаҳои таълимии то мактабӣ, мактабҳо, беморхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ ва ғайраҳо аст, ки барои пешравии сатҳи зисту зиндагии мардуми кишвар нақши зиёд мебозад. Инчунин соли гузашта дар Паёми навбатӣ, ки 26. 12. 2019 баргузор шуд, Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қайд намуданд, ки новобаста аз мушкилиҳои зиёди умумиҷаҳонӣ барои кишвари азизамон соли хубу пурбарор буд. Барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, донишомузии мардуми кишвар аз тарафи ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон солҳои 2020 – 2040 солҳои омӯзиши фанҳои дақиқ эълон гардид, ки ин як фоли нек мебошад. Аз ин лиҳоз моро мебояд, ки боз барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии соҳаи худ, омода намудани кадрҳои ҷавон кушишҳои зиёд бахарҷ диҳем то, ки ба ин ғамхориҳои сарвари худ ва ҳукумати ҷумҳурӣ сазовор бошем. Бигузор соли соли нав бар ҳамаи мардуми кишвар соли нек буда барои пешрафти мамлакат як соли фаромушнашаванда дар хотираҳои миллати тоҷик нақш бандад. 
 Сафаров А.С. дотсенти кафедра 
 Займудинов Б.М. асс. каф.

02.01.2020     307

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php