Муъминобод - диёри ободон

Муъминобод - диёри ободон
Муъминобод дорои таъриху фарҳанги қадима буда, мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, ҳанўз дар асри Х ҳамчун шаҳри ободон ба вуҷуд омадааст. Дар китоби «Таърихи Бадахшон» дар охири асрҳои XI ҳамчун шаҳр ёдоварӣ шудааст.
Ноҳияи Муъминобод 29-уми декабри соли 1973 таъсис ёфтааст. Дар ноҳия ҷамоати шаҳраки Муъминобод, ҷамоатҳои деҳоти ба номи Нуралишо Назаров, Чилдухтарон, Деҳибаланд, Боғгаӣ, ба номи Ш. Шоҳин ва Балхобӣ фаъолият доранд. Аҳолии ноҳия ба 1.01.2016-ум 87148 нафарро ташкил дода, асосан тоҷикон, ўзбекҳо ва намояндагони дигар миллатҳо низ дар он ҷо сукунат доранд.
Ёдгориҳои таърихии ноҳия
Ноҳия дорои зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихӣ, ҷойҳои муқаддас, мавзеъҳои тамошобоб мебошад. Яке аз он ёдгориҳо мақбараи Мир Саид Ҷалолиддини Гулдаста (асри VIII-IX) аст. Ин нобиғаи аср бо аллома Мир Саид Шоҳи Хомўш дар Чорсўи Муъминобод вомехўранд ва якчанд вақт дар мавзеи Шуғноншаҳр (секилометрии маркази ноҳия) дар суҳбату вохўриҳо менишинанд.
Номи Оромгоҳи Хоҷа Алмос (дар деҳаи Сармайдон), Оромгоҳи Хоҷа Иброҳимҷон (дар деҳаи Деҳибаланд), Оромгоҳи Хоҷаи Нур (дар деҳаи Хоҷаи Нур), Бибӣ Навро ва Бибӣ Савро (дар деҳаи Душанбе), Дулонамазор (дар ҷануби деҳаи Ҳанатарош), Оромгоҳи Хоҷаи Гумбазӣ (дар деҳаи Ризқидара), Хоҷа Хидир (дар маркази шаҳраки Муъминобод), Қалъаи Кофир (дар қисми шарқии деҳаи Ғеш), Мақбараи Ҳазрати Муродбахш (дар деҳаи Сармайдон), Чилдухтарон (дар қисми шимолии Муъминобод), Оромгоҳи Хоҷа Валишоҳ (дар деҳаи Алишоҳ), Оромгоҳи Домулло Икром (дар деҳаи Лангар), Мақбараи Султон Санҷар (дар деҳаи Лангар) ва беш аз 50 мавзеъҳои таърихӣ дар байни ихлосмандон машҳур аст.
Ҳунарҳои беназир
Ин сарзамин бо чеварону кадбонуҳо, устою дигар ҳунармандонаш аз қадим шуҳратёр аст. Шояд касе ба мисли чеварони муъминободӣ чакану куртаҳои фарғонагию қуроқиро чунон зебою тасхиркунанда ва бозоргиру серхаридор надўзад. Ҳоло беш аз 60 нафар занон ба зардўзӣ шуғл доранд. 120 нафар устоҳо табақу қошуқҳое метарошанд, ки мислаш дар ягон ҷои дигар нест. Онҳо аз шулаш сабадҳои гуногун мебофанд, аз туту зардолую арча думраю доираю торҳои зебою хушнаво месозанд.
Маҳсулоти дасти чеварону устоҳои чирадасти ин мавзеъ то ба Амрикову Швейтсария, Русия, Қазоқистону Олмону Фаронса ва Чину Ҷопон рафтааст.
Корманди Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Лайло Носирова дар як мақолаи пажуҳишӣ аз ҷумла менависад: «Дар Муъминобод бештар тоқиҳои чакани мардона, занона ва кўдакона омода мекунанд. Тоқиҳои ин ноҳия аз матои гуногуни гулдор, бегул ва рахдор иборат буда, шероз низ илова мешавад. Баъди қолаби онро сохтан болои тоқиро маъмулан ба 4 қисм ҷудо карда, ҳар якеро алоҳида мошина мезананд. Ҳунари тоқидўзӣ дар ноҳияи Муъминобод оҳиста-оҳиста бо такмили камтаре вориди мўди имрўз мегардад. Яке аз ҳунармандон Иброҳимова Рупиямо мебошад, ки бештар бо дўхтани сарулибоси арўсӣ, чакан, тоқӣ, чодар, ҷиҳози хона ва ғайра машғул аст. Ҳангоми суҳбат бо ў маълум гардид, ки пешааш авлодӣ буда, меҳри ин касбро дар дили ин зани чирадаст модараш ҷо кардааст. Ў асосан аз рўи фармоиши мизоҷон маҳсулоти заруриро омода месозад. Ғайр аз ин, ў дар дўхтани тоқиҳои гуногун низ маҳорати баланди касбӣ дорад. Тибқи маълумоти Иброҳимова Рупиямо, тоқиро ў асосан аз коғази сахт, матоҳои гуногуни гулдўзишуда, ришта омода мекунад. Маҳсулоти тайёрнамудааш аз дигар ҳунармандон фарқ карда, дар тасвирҳояш бештар нақшу нигори қадимӣ дида мешавад. Маҳсули дасти ин бонуи ҳунар пур аз эъҷоз буда, завқи баланде дар ин ҷода дорад. Иброҳимова Рупияморо ҳамчун ҳунарманди моҳир бо маҳсулоти тайёрнамудааш дар ноҳия ва берун аз он ҳама мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Ҳунарҳои чакандўзӣ, тоқидўзӣ, чодардўзӣ, ҷелак, қуроқдўзӣ, ҷомадўзӣ, курпадўзӣ, рўймолдўзӣ, ресандагӣ, бофандагӣ, дўзандагӣ ва ғайра дар ноҳияи Муъминобод бинобар сабаби ниёз доштани мардуми маҳаллӣ то ба имрўз идома дорад ва ҳунармандон дар давом додани ин ҳунарҳо фаъоланд. Онҳо дар интиқоли ҳунар аз аксаран меросӣ, ба таври аз модар ба духтар ва устоду шогирд ҳунари худро идома ва вобаста ба талаботи замон сайқал дода истодаанд. Инчунин, аллакай аз ҳисоби ҷавонон низ дар ҳунарҳои номбурда ҳунармандон омода гардидаанд. Бояд гуфт, ки ҳунармандони ноҳияи Муъминобод тавонистаанд беҳтарин намунаҳои ҳунари халқиро ҳифз намоянд. Бо ин кор онҳо бори дигар собит намуданд, ки ҳунарҳои мардумии ин минтақа беназиранд».
Имконоти сайёҳӣ
Сарзамини нозанини Муъминобод бо ҳавову обҳои мусаффо, дарахтони сарсабз ва мардуми орифу оқилу меҳмоннавозаш метавонад ба ҷумла сайёҳону меҳмонони аз дуру наздик омада оғўш кушояд. Ҳар сол ҳазорон нафар дўстдорони табиат барои истироҳат ва тамошои манзараҳои зебову нотакрори обанбори Муъминободу қаиқронӣ дар он меоянд. Обанбор ба қадри 30 млн мукааб об ғунҷоиш дошта, ҳамзамон, кишоварзони ноҳияҳои Кўлобу Восеъ аз он пурсамар истифода мебаранд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳам зимни сафари корӣ ба ноҳия, 3-юми октябри соли 2016, таъкид дошта буданд: «Муъминобод воқеан диёри мардони сарбаланду некусиришт буда, табиати зебояш қалби ҳар як сайёҳу меҳмонро тасхир месозад. Мавзеи зебои Чилдухтарон, чашмаҳову гиёҳҳои шифобахши он шуҳрати беандоза дошта, сокинонаш бо меҳмоннавозиву ҳимматбаландӣ ном баровардаанд».
Воқеан ҳам, ноҳия ва мардуми ин сарзамин аз аҳди қадим то ба имрўз ба меҳмоннавозӣ, ки як рукни сайёҳӣ ва ҳиматбаландӣ, ки дасти хайру сахо ва меҳру вафоро ифодагар аст, номвар буданд ва ба шинохти аслии хеш мавқеи сазовор доштанд. Ин андешаро аз ривоятҳо дар бораи бозори «Зелолак», ки дар болотари деҳаи имрўзаи Ҷавзодара ҷойгир аст, пайдо кардан мумкин аст. Ҳоло ҳам мардум қисса мекунанд, ки ин бозор дар саргаҳи Роҳи Абрешим қарор дошт ва бозаргонону савдогарон аз Чину Балху Ҳиндустон меомаданду беҳтарин офаридаҳои косибони ин сарзаминро харидорӣ намуда, дар минтақаҳои хеш ба фурўш мебароварданд. Заргарон, оҳангарон, кулолгарону чармгарони ин минтақа дар бозорҳо мавқеъ ва шуҳрати хоса доштанд. Бо гузашти айём аз косибони шуҳратёр номи маҳали косибӣ, аз ҷумла Дегрез, Мисингарон, Заргарон, Косатарош, Хиргоҳтарош, Сиёмўза, Дошманд, Ҳанотарош ва амсоли инҳо боқӣ мондаанд. Дар радифи Чилдухтарон, метавон мавзеи Ҷавзодара, Зелолак, куҳи Фурўшро ба сайрхати сайёҳии куҳӣ ворид намуд. Мавзеҳои нотакрори Ҳавзи Ғузаҷо, Ҳавзи Сир, обанбори сунъии Муъминобод бо арчазорҳои ҳамешасабзи доманатеппаҳо, хиромидани кабкҳои куҳӣ, ғизолу дарандаҳои муқими куҳҳои сарбафалак, обҳои зулолу сарди ташнагишикан ва дармонбахши Бедаво, Чўбек, Чашмаи ҷўшон то Эмом аскарӣ мавзеи сайру саёҳат дар чор фасли сол буда метавонанд.
Ба қавли раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур, «Муъминобод, як порча аз хоки Хатлони бостон ва ҷумҳурии азизу муқаддаси Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ рў ба инкишофу тараққиёти бемайлон дорад. Мардуми ноҳия бо дили пур аз меҳру ихлос аз пайи ободию пешрафт, созандагӣ, таъмини барномаҳои давлатӣ кўшиш дошта, дастовардҳои назарраси қобили қабулу ифтихорро дар замони соҳибистиқлолӣ ба даст овардаанд. Метавон гуфт, ки аз баракати Ваҳдати миллӣ ва барзиёд иҷро гардидани нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ имкон фароҳам омадааст, ки ба корҳои созандагию бунёдкорӣ даст дошта бошем. Ба ин ният барои инкишофи соҳибкории хурду миёна бо ҳидояти ватанхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия фазои муносиби рушд муҳайё карда шуд.
Мусаллам аст, ки барои рушди соҳибкорӣ дар маҳал бонкҳо нақши калидӣ ва бориз доранд. Дар ноҳия имрўз филалҳои ҶСК «Агроинвнестбонк», ҶСК «Ориёнбонк», ҶСП «Фононбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», ташкилотҳои хурди қарздиҳии «Ҳумо», «Финка» ва «Оксус» дар хизмати рушди соҳибкорӣ қарор доранд. Бунёди биноҳои хуштарҳу замонавӣ баёнгари ободию пешрафтҳо буда, ба ҳусни маҳалу диёр ҳусн меафзоянд. Сохтмони мактабҳо дар деҳоти ноҳия, хонаи 32-ҳуҷрадор, варзишгоҳ, қалъаи Муъминобод, барқарорсозии осоишгоҳ, беморхонаи минтақавӣ, осоишгоҳи Чилдухтарон, корхонаи дўзандагӣ, кашидани даҳҳо хати оби нўшокӣ, барқарор ва мумфарш кардани роҳҳои маҳалӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ба ҳусни ноҳия ҳусни нав зам намуда, аз соҳибдавлатӣ ва истиқлолият башорат медиҳад. Боис ба ифтихору қаноатмандии беҳудуд аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар саҳифаҳои рангини ноҳия саҳифаи наву нотакрор - кушодани роҳи деҳоти Чилдухтарон то маркази ноҳия бо ибтикори соҳибкори ватанӣ Амонулло Саъдуллоев боз шуд, ки ормони ҳазорсолаҳо хуфтаи ин сарзамин буд».
- Имрўз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ муқаддастарину бебаҳотарин ва азизтаринт неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерўи тавонбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо мебошанд. Бо як ибора метавон гуфт, ки обод кардан суннати деринаи мост. Мо ин Ватанро бо дасту дилу нияти пок, бо дастгирии кулли сокинони кишвар обод хоҳем кард,- меафзояд раиси ноҳияи Муъминобод.
«САМАК»
Хифзи Ичтимои(САБЕС) нохия
Кохи Фарханги ноия
Муъминобод - диёри ободон
Муъминобод - диёри ободон
Муъминобод - диёри ободон
Муъминобод - диёри ободон
Муъминобод - диёри ободон
26.09.2019     1163

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php