Чилдухтарони хатлонӣ

Чилдухтарони хатлонӣ
Куҳи Чилдухтарони Хатлонӣ дар ду қисмати шимолии ноҳияи Муъминобод ҷойгир шудааст. Ин куҳҳои аслан муҷассамаҳои одаммонандеанд, ки ба худ сирру асрори хосае доранд. Аз ин ҷост, ки онҳоро мардуми Хатлонзамини ҳамонвақта Чилдухтарон ном ниҳодаанд. Дар асл бошад, ин муҷассамаҳо барои ҳар як тамошобин муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарварист.
Оид ба куҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоии хатлонӣ аз азал нақлу ривоятҳои зиёде сайр дорад. Яке онҳоро қиссаи воқеӣ мешуморад, дигаре қиссаи ривоятӣ. Вале муҳим он аст, ки куҳҳои Чилдухтарон байни мардуми дохилу хориҷ аз покдомании занони тоҷик ривоят мекунанд.
Дар замонҳои хеле қадим тўдаи аҷнабиёни ғоратгар ба Хатлонзамин ҳуҷум оварда, мардону занон, писарону духтаронро ба худ ғулом карда, ба мамолики дурдаст бурда мефурўхтаанд. Хусусан духтарони хушлиқоро зўран ба асирӣ мегирифтаанд. Дастаи ғоратгарони малъун ба сарзамини Муъминобод ба ҳуҷум мегузаранд. Ҳар ҷонзоди зиндае, ки аз пеши ин гургони гурусна мебаромад, пора-порааш мекарданд. Деҳаҳои минтақаи Дуобро ба хок яксон мекарданд. Мардуми бонангу номуси Дуоб ба муҳофизати занону духтарон, мўйсафедону кампирони барҷомонда бархоста, ба муқобили душманони ғоратгар диловарона меҷангиданд. Бо корнамоию ҷоннисориҳояшон чандин маротиба ҳамлаи хунхоронаи душманонро зада гардонданд. Аммо дар охир аҷнабиҳои хунхор тамоми қувваҳои худро аз минтақаҳои Яхсу, Ваҳё, мулкҳои лақаю туркнишин ҷамъ оварда, бо қувваи даҳчанд ба Дуоб ҳуҷум оварданд. Ин дафъа барои ҳимояи марзу буми хеш, тамоми пиру барно, ҳатто духтарони хушлиқои товусхироми ин сарзамин бархостанд. Задухўрд чанд шабонарўз давом кард. Оқибат душман бо қувваи калони худ бартарӣ нишон дода, аҳолии беяроқу бепушту паноҳро ба сўи куҳҳои сарбафалак фишор оварданд. Як қисми душманро аҳолӣ фиреб карда, худ ба сўи куҳи Пирӣ, Дашти Ҷум паноҳ мебаранд. Қисмати бечораю бенавояш, хусусан кампирону мўйсафедон ва беморон аз дами шамшери хунхорон наҷот наёфтанд. Як гуруҳ духтарон низ, ки қувваи асосии душманро пайиҳам шикаст медоданд, ба фишори шадиди душманони хунхору малъун тоб наоварда, сўи куҳҳо паноҳ бурданд. Аммо мақсади душманон зинда дастгир кардани духтарон буд. Воқеан онҳо ба мақсади хеш наздик мешуданд. Духтарон чун мебинанд, ки аз дасти ин тўдаи гургони гурусна шаъну шарафи занона ва покдоманиашонро наҷот дода наметавонанд, сўи Худои Таъоло рў оварда, илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба ин девсифатон рў ба рў насозад. Дуои ҳар яки онҳоро Худои бузург иҷобат мекунад. Бо амри ин Офарандаи ҳама мавҷудоти олам духтарон ҳар яке дар ҷои истодаашон ба санг мубаддал мегарданд ва чун рамзи покдоманию озодӣ, ватанпарварию хештаншиносӣ то ҳанўз дар қиёманд.
Ҳамин аст ривояти воқеии ин куҳҳои сарбафалакашидаю шаъну шарафи занони миллати тоҷикро дар симои куҳи Чилдухтарон то даврони мо оварда расонида. Ҳамин тавр, ин мавзеъро ҳазорҳо сол боз Чилдухтарон меноманд ва бо ҳамин ривоят Тоҷикистонро бисёриҳо мешиносанд.
Далер Шарифов
26.09.2019     828

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php