Таърихи кафедра


Кафедраи гистология аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани Донишкадаи тиббии Сталинобод, соли 1939 ташкил шудааст. Аввалин мудири кафедра доктори илмҳои тиб, профессор П.В. Сиповский буд. Донишманди закӣ дар ташкил ва таҷҳизонидани кафедра бо дастгоҳҳои зарурӣ, интихоб ва пурра намудани бастҳо, асбобҳо, айёният ва реактивҳо барои раванди таълим саҳми арзандае дошт. Профессор П.В. Сиповский дар кафедра тайи ду соли таҳсил (1939-1940) фаъолият намуда, сипас барои роҳбарӣ намудан ба кафедраи навтаъсиси анатомияи патологӣ гузашт.
Аз соли 1941 то январи соли 1946 доктори илмҳои тиб, профессор Г.В. Ясвоин роҳбарии кафедраро ба ӯҳда дошт. Он замон ҳайати кормандони кафедра аз панҷ нафар иборат буд. Солҳои пеш аз ҷанг ва давраи ҷанг таваҷҷуҳи асосии кафедра барои аз ҷиҳати методологӣ дуруст ба роҳ мондани раванди таълим нигаронида шуда буд. Дар он солҳо кормандони кафедра таҳқиқотҳои илмиро дар самти омӯзиши хусусиятҳои реаксияи бофтаҳои организм ба таъсири экстремалии берунӣ ба роҳ монда буданд.
Солҳои 1946-1950 бошад, роҳбарии кафедра бар души дотсент Л.С.Сутулов буд, ки ҳамзамон вазифаи директори Донишкадаи тиббиро низ ба ӯҳда дошт. Бори аввал аз ҷониби ӯ экспедитсия ба баландкӯҳҳо, ағбаи Анзоб ташкил карда шуд. Натиҷаи тадқиқотҳои мазкур соли 1949 дар маҷмӯаи илмӣ таҳти унвони «Ягонагии сохтори бофтаҳо ва шароити мавҷудияти он» ба табъ расид, ки дар он мушкилоти морфологияи минтақавӣ дар шароити баландкӯҳҳои ҷумҳурӣ инъикоси худро ёфтааст.
Тӯли даҳаи баъдина (солҳои 1950-1960) дотсент И.И.Шаров роҳбарии кафедраро ба ӯҳда дошт. Таҳти роҳбарии ӯ кормандони кафедра таҳқиқоти эмбриологиро бо истифодаи усулҳои васеи гистохимиявӣ анҷом доданд.
Профессор Г.Г. Самсонидзе (1960-1964). Таҳти роҳбарии донишманди мазкур кормандон ва аспирантҳои кафедра ба омӯзиши масъалаҳои морфогенез ва таҷдиди узвҳо, аз ҷумла омӯзиши қиёсии гипертрофияи таллоюфӣ ва таҷдидии гурдаи ҳайвоноти мухталиф шурӯъ карданд. Дар арафаи бозгашти профессор Г.Г. Самсонидзе ба Гурҷистон таҳқиқоти рисолаҳои унвонҷӯён Л.И. Исмаилова ва Ф.Х.Шарипов анҷом ёфта буд. Ин аввалин рисолаҳои номзадӣ оид ба гистология буд, ки аз ҷониби кадрҳои миллӣ дар кафедраи гистологияи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон анҷом дода шуда буданд.
Дар солҳои роҳбарии профессор А.А.Браун (солҳои1965-1972) самти асосии омӯзиши мушкилоти морфогенез ва таҷдиди узву бофтаҳо масъалаҳои мутааллиқ ба механизм ва хусусияти ҷараёни равандҳои таллоюфӣ ва регенератсионӣ на танҳо дар гурда, балки узвҳои дигар (ҷигар, ғадуди сипаршакл, сипурз ва ғ.) дар шароити баландкӯҳ пеш гузошта мешаванд. Натиҷаи чунин як ташаббус ҳимояи 15 рисолаи номзадӣ ва докторӣ гардид, ки аз ҷониби кормандони ИДТТ таҳти роҳбарии профессор А.А.Браун бомувафаққият анҷом пазируфт.
Дар муддати 10 сол роҳбарии кафедра ба зиммаи профессор М.В.Постников (солҳои 1981-1991) буд. Таҳти роҳбарии ӯ кормандони кафедра омӯзиши қобилияти таҷдиди ҷигар ва гиреҳҳои лимфавӣ зимни таъсири омилҳои дестабилизатсионӣ шурӯъ гардида, таҳкурсии осорхонаи эмбриологии кафедра гузошта шуд.
Доктори илмҳои тиб, профессор Ф.Х.Шарипов (солҳои1972-1980 ва 1992-2003). Таҳти роҳбарии ӯ ҷараёни таълим – машғулиятҳои амалӣ ва лексияҳо аз ҳисоби тартиб додану ба шакли муайян даровардани дастурҳои таълимиву методӣ оид ба тамоми фаслҳои фан ба нуқтаи болои худ расид. Соли 1977 аввалин дастури методӣ барои машғулиятҳои амалӣ дар мавзӯи ситология, эмбриология ва гистологияи умумӣ ба дасти донишҷӯён расид.
Мувафаққияти волои кафедра ин мукаммал намудани таълими фанни гистология, яъне ба забони давлатӣ (тоҷикӣ) ба табъ расидани ду китоби дарсӣ– «Бофташиносӣ» (соли 1993) ва «Сохти микроскопии узвҳои одам» (соли 1995) аз ҷониби дотсент С.Д. Ҷӯраев ва доир ба ҳар фасли фан ба забонҳои русиву тоҷикӣ таҳия ва ба табъ расонидани дастурҳои таълимӣ доир ба ситология – «Ҳуҷайрашиносӣ» (Ф.Х. Шарипов, Х.Н. Қосимова, 1994) маҳсуб меёфт. Таҳти роҳбарӣ ва ширкати профессор Ф.Х. Шарипов 12 рисолаи номзадӣ ва як рисолаи докторӣ навишта ва ҳимоя шуданд.
Солҳои 2004-2006 кафедраро д.и.т., профессор С.С.Қурбонов сарварӣ намудааст.
Аз соли 2006 то 2012 сарварии кафедра ба ӯҳдаи доктори илмҳои биологӣ, дотсент С.Г.Мухамедова буд.
Дар тарбияи кормандони ҷавони кафедра ва донишҷӯён н.и.т., дотсент, Аълочии муассисаҳои олии таълимӣ Баҳромова Мӯътабар Бурҳоновна саҳми арзанда дошта, дар кафедра аз соли 1963 то 2016 кору фаъолият намудааст.
Аз соли 2012 то 2017 кафедра таҳти сарварии н.и.б., дотсент Шукурова Д.А. фаъолият дошт. Таҳти роҳбарии Шукурова Д.А. корҳои таълимӣ-методии кафедра такмил ва тағйир дода шуд. Дастовардҳои муҳими кафедра, чун илова ба усулҳои асосиии таълим истифода ва татбиқи оқилонаи барномаҳои иноватсионӣ ба раванди таълим, инчунин муайян намудани дараҷаи азхудкунии маводи таълимӣ аз ҷониби донишҷӯён мебошад. Барномаи махсуси компютерии «Равзанаи дониш» дар шакли албоми мустаҳзарҳои гистологӣ таҳия шудааст, ки ба донишҷӯён имконияти омӯзишро на танҳо дар дохили кафедра, балки берун аз он ҳам муҳаё менамояд.
Барои баланд бардоштани сифати корҳои таълимӣ-методӣ ва сатҳи дониши донишҷӯён ба забони англисӣ аз фанҳои «Гистология», «Эмбриология» ва «Микроанатомия» дастурҳои методӣ барои машғулиятҳои амалӣ тартиб дода шудаанд.
Аз моҳи сентябри соли 2017 то инҷониб н.и.т., дотсент Соҳибова Зуфнуна Назировна сарварии кафедраро ба ӯҳда доранд.
Дар айни замон, кормандони кафедра як қатор вазифаҳои зиёдеро иҷро мекунанд, ки ба такмили корҳои таълимию методӣ, илмӣ ва идеявӣ-тарбиявӣ, ташаккули таълими донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо амиқтар нигаронида шудаанд.
Айни ҳол дар кафедра 16 нафар кормандон фаъолият доранд. Устодони асосии кафедра: мудири кафедра н.и.т., дотсент, «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» З.Н. Соҳибова, профессори фахрӣ, н.и.б., дотсент, «Аълочии маориф» Д. А. Шукурова, н.и.б, дотсент, «Аълочии маориф» А.Т. Ашуров, н.и.б, дотсент, Депутати Маҷлиси Вакилони халқи, ҳавзаи интихоботии № 38, н.Сино ш.Душанбе, Т.П. Ниятбеков муаллимони калон З.Д. Зияева, З.Д. Умарова, ассистентҳо - Г.А. Бобоева, «Аълочии маориф» Д.М. Ҳасанова, Н.М. Мусоева, В.Ш. Имомназарова, М.А. Имомбердиева, С.Р.Сафарова, М.М. Искандаров, Ошур Озоди; лаборанти калон С.Ғ. Ҳамзаева; лаборант Б.М.Раҷабов.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php