25 ноябри соли 2019 дар доираи маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи гистология бахшида ба 80-солагии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо иштироки аъзоёни маҳфил чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ мудирон, устодони кафедраҳои анатомияи одам, патанатомия, забони тоҷикӣ, химияи биоорганикӣ ва физколоидӣ, биология ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Донишҷӯён дар бораи таърихи донишгоҳ ва кафедра, донишгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, асосгузорон ва профессорони аввалин ва ғайра баромадҳои диққатҷаблкунанда тайёр кардаанд.