Фаъолияти таълимӣ

Кафедра бо донишҷӯёни факултаи тиббӣ корҳои тарбиявӣ мегузаронад. Нақшаи умумии таълимии кафедра ва нақшаи кории ҳар як омӯзгор-куратор дар маҷлиси кафедра тасдиқ карда мешаванд. Тибқи нақшаи корҳои тарбиявӣ ҳар ҳафта ҳар як омӯзгор-куратор бо гурӯҳи куратории худ соати тарбиявӣ мегузаронад.
Бо донишҷӯён дар бораи экстремизм ва терроризм, одоби муошират дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, одоби муошират ва муроҷиат ба атрофиён, тарзи либоспӯшӣ ҳамарӯза сӯҳбатҳо гузаронида мешаванд. Диққати махсус ба иштироки донишҷӯён ба дарсҳои амалӣ ва лексияҳо дода мешавад. Дар сурати иштирок накардани донишҷӯ ба машғулият, дарс дар шакли ҳатман сабақгардонӣ мешавад. Дар чорабиниҳои иҷтимоии донишгоҳ ва кафедра фаъолона ширкат варзад. Ба мавзеъҳои таърихии шаҳру кишвар сафар кунад.
31.01.2020     21

Гузариш ба саҳифаи: