Фаьолияти илмӣ

Нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии солҳои 2009-2013с. «сил дар муҳоҷирони меҳнатӣ» (туберкулёз у трудовых мигрантов, клиника, эффективности лечения, методы выявления и мери профилактики) буд, зеро 25-30% беморони бистари шуда муҳочирони меҳнати мебошанд. Дар мавзӯи кафедра рисолаи номзадии Дӯстматова З.Ш. дар мавзӯи Хусусиятҳои клиникӣ ва инкишофи сили пошхӯрда дар кӯдакон ҳимоя карда шудааст. Ҳоло кафедра ба масьалаи сил устувор машғул буда, ду рисолаи номзадӣ пешбини шудааст, 4-рисолаи номзадӣ ва як рисолаи доктори ҳимоя шудааст. Кормандони кафедра зиёда аз ҳазор мақолаҳои илмӣ, 30 дастурамал, ду китоби дарсӣ ва истилоҳоти луғати тоҷикӣ, русӣ ва англисиро чоп кардаанд.
Кормандон дар сьездҳо, конфронсҳо ва симпозиумҳои байналмилали иштирок мекунанд. Дар ҷумҳурӣ 7 конфронси илмӣ амалӣ, аз ҷумла 2 конфронс оид ба назорати глобали дар Ҷумҳуриҳои Осиёи Маркази доир ба сил соли 2006-2010 шуда гузаштанд. Конфронсияи байналмилали дар Ҷумҳуриҳои Осиёи Маркази доир ба «шакли васеи мутобиқгаштаи сил таклиф ба амал» ба чанд китобҳои охирон 2010с. гузаронида шудааст. Кормандони кафедра дар семинарҳои байналмилали иштирок мекунанд ва дар реализатсияи барномаи мубориза бар зиди сил соли 2003-2010, 2010-2015, 2016-2020 бевосита иштирок меварзанд. 4- корманди кафедра –тренери Маркази ҷумҳуриявӣ буда, дар омузиши мутахассисони сети умумитиббӣ, силшиносон ширкат меварзанд. Кормадони кафедра дар гузаронидани конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилали фаьолона иштирок мекунанд, ва дар конфронси соли 2006 баромад кардаанд. Дар соли 2009 дар конфронси ҷумҳуриявӣ (Ҳамоҳангсозии фаьолияти муасисаҳои зиддисили бо муассисаҳои аввалияи тиббию санитарӣ) иштирок карданд. Ҳамаи кормандон дар коркарди дастурамалҳои методӣ, тавсияҳо-ҳуҷҷатҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилали иштирок мекунанд. Барномаи Миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил 2010-2015, конуни Ҷумҳурии Точикистон оид ба ҳимояи аҳолии ба сил соли 2006 Фармон (Дар бораи пурзур намудани кумаки тиббӣ зидди сили ба аҳолии Ҷумҳурии Точикистон) – Душанбе, 2009; (Тавсияҳо, ташхис ва табобати кудакон аз сил) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Душанбе, 2010- 61 - саҳифа, (Дастурамал оид ба ташхис ва табобати кудакони бемории сил дар Ҷумҳурии Точикистон) Душанбе 2010с. 61 саҳ.
06.03.2020     10

Гузариш ба саҳифаи: