КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ НОРМАЛӢ
Соли 1940 дар Донишкадаи давлатии тиббии Сталинобод кафедраи физиологияи нормалӣ кушода мешавад. Аввалин мудири кафедра Артемий Петрович Жуков таин гардида ва то соли 1949 дар ин вазифа буд. Артемий Петрович факултаи тиббии Донишгоҳи Ростовро соли 1924 хатм кардааст. Аз соли 1932 дар вазифаи корманди калони илмии Институти фаъолияти олии асаб, сипас Институти тиббӣ - таҷрибавӣ фаъолият намудааст. Соли 1935 Шӯрои олимони Институти тиббӣ-таҷрибавӣ аз рӯи маҷмӯи корҳои илмии анҷом додааш ба Жуков А.П дараҷаи илмии номзади илмҳои тибби-ро медиҳад. А. П. Жуков мутахассиси соҳаи физиологияи баландкӯҳ буд. Бо ташаббуси ӯ соли 1947 бори аввал экспедитсияи комплексии илмӣ дар якҷоягӣ бо як қатор кафедраҳои клиникӣ ташкил карда мешавад ва ҳаминсол мавзӯи илмии кафедра «Омӯзиши имкониятҳои мутобиқсозии одам ва ҳайвонот ба шароити гипоксияи баландкӯҳӣ» интихоб мегардад. Пеш аз ин экспедитсия, ӯ аз рӯи маводи тадқиқоти худ дар соли 1944 дар Донишгоҳи олии тиббии ба номи С.М. Кирови ш. Самарқанд рисолаи докториашро дар мавзӯи: "Нақши системаи асаб дар тағир додани қобилияти корӣ ва реактивии организм дар кӯҳҳо" ҳимоя мекунадд. Соли 1945 ба ӯунвони корманди шоистаи илми Тоҷикистони Шуравӣ дода шуд. Соли 1949 ӯ мудири кафедраи физиологияи нормалии донишгоҳи тиббии шаҳри Воронежи Россия интихоб мегардад.
Аз соли 1949 то 1967 ва аз соли 1982 то 1989 вазифаи мудири кафедраро Лоренс Олег Габриелович иҷро мекунад. У соли 1944 институти давлатии тиббии Сталинабод (имрӯза Душанбе)-ро хатм карда ба кафедраи физиологияи нормалӣ ба вазифаи ассистенти кафедра фиристода мешавад. Соли 1949 дар Шаҳри Тошканд дар мавзӯи "Баъзе хусусиятҳои сифатии ҳолати системаи асабу-мушакҳо ҳангоми паст кардани фишори барометрӣ" рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунад. Соли 1952 ба ӯ унвони дотсент дода мешавад. Муаллифи беш аз 55 кори илмӣ мебошад. Соли 1972 О. Г. Лоренс рисолаи докториашро дар мавзӯи: "Ғадудҳои эндокринӣ дар раванди мутобиќшавӣ ба гипоксия" ҳимоя мекунад.
Аз соли 1967 то соли 1982 ба ҳайси мудири кафедра Карим Юсуфович Аҳмадов фаъолият менамояд. У институти тиббии шаҳри Тошкандро соли 1941 хатм мекунад. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Аз соли 1947 то 1953 Ахмадов К. Ю ассистенти кафедраи физиологияи нормалӣ ва аз соли 1953 то 1957 ба ҳайси Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Аз соли 1959 дотсенти кафедраи физиологияи нормалӣ ва аз соли 1967 то соли 1982 мудири кафедраи мазкур таин мегардад. Муалифи зиёда аз 90 корҳои илмӣ ва як монографияи "Нафаскашии одам ҳангоми гипоксияи баландкӯҳӣ" (соли 1971) - мебошад. Соли 1955 К. Ю. Ахмедов рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Тавсифи тағйироти фаъолияти олии асаб ҳангоми норасоии оксиген» ва соли 1967 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Нафаскашии беруна ва танзими он дар шароити гипоксияи баландкӯҳӣ» ҳимоя мекунад.
Аз соли 1989 то 1993 мудири кафедра д.и.т., профессор Акпар Абдусатторович Нурматов буд. Он соли 1965 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм мекунад ва ба кафедраи физиологияи нормалӣ ҳамчун ординатори клиникӣ фиристода мешавад Соли 1968 ба аспирантураи Институти физиологияи нормалӣ ва патологии Академияи илмҳои тиббӣ Шуравӣ фиристода мешавад ва соли 1971 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ҳолати механизми истироҳати диастолӣ дар дили гипертрофишуда» ҳимоя мекунад. Аз соли 1971 ба ҳайси ассистент ва аз соли 1988 ба вазифаи дотсенти кафедраи физиологияи нормалӣ фаъолият кардааст. Соли 1988 Нурматов А. А. рисолаи докториашро дар мавзӯи «Гемодинамикаи системавӣ ва органӣ ҳангоми таъсири якҷояи гипоксия ва гипотермия ба организм» ҳимоя кардааст. Муаллифи беш аз 60 маќолаи илмӣ мебошад.
Аз соли 1993 то соли 1996 вазифаи мудири кафедраро н.и.б., дотсент Кругляк Лидия Нестеровна иҷро кардааст. У соли 1965 ДДТ ба номи В.И. Ленинро хатм карда ба ҳайси ассистенти кафедраи физиологияи нормалӣ кор таин мегардад. Аз соли 1970 аспиранти кафедра буд ва соли 1979 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Иштироки ғадуди қалбакӣ дар танзими фаъолияти системаи хунофар ҳангоми гипоксия» ҳимоя кардааст. Муаллифи зиёда аз 50 маќолаи илмӣ мебошад.
Аз соли 1996 то 2016 мудири кафедра д.и.т., профессор Шукуров Фирӯз Абдуфаттоевич буд. Соли 1971 ДДТТ-и ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм намуда ординатори кафедраи физиологияи нормалӣ мешавад. Соли 1973 ба аспирантураи ҳамин кафедра дохил мешавад. Аз соли 1976 ассистенти кафедра, аз соли 1982 ба ҳайси дотсенти кафедра фаъолият менамояд. Дар соли 1979 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Тавсифи фаъолияти дил дар раванди мутобиқшавии одам ба баландкӯҳ» ҳимоя мекунад. Соли 1995 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Асосноккунии физиологии меъёрҳои арзёбӣ ва пешгӯии мутобиқшавии инфиродии одам ба баландкӯҳ» ҳимоя мекунад. Шукуров Ф.А муаллифи зиёда аз 200 корҳои илмӣ мебошад.
Аз соли 2016 то 2022 мудири кафедра д.и.т., дотсент Халимова Фариза Турсунбоевна таин гардид, ки он ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино, факултети педиатрияро бо ихтисоси «Духтури кудакон» соли 1987 хатм кардааст. Аз соли 2005 то 2013 ба вазифаи ассистенти кафедраи физиологияи нормалии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино фаъолият менамояд. Соли 2009 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Хусусиятҳои зкологӣ-физиологӣ ва этникии реаксияҳои мутобиқкунандаи организми аҳолии муҳоҷири минтақаи агросаноатии Русия» ҳимоя мекунад. Дар соли 2018 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Саломатии репродуктивии занони синни ҳомилашав: муносибати кластерӣ-популятсионӣ ва арзебии он» ҳимоя кардааст.
Аз соли 2022 то моҳи январи соли 2024 мудири кафедра н.и.т., дотсент Шукурова Нигина Январовна таин гардид. У соли 1993 ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, факултети муолиҷавиро бо ихтисоси «Кори табобатӣ» хатм намудааст. Интернатураро аз рӯи ихтисоси Акушер-гинеколог солҳои 1993-1994 хатм кардааст. Аз соли 1997 то соли 2015 ба вазифаи ассистенти кафедраи физиологияи нормалии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино фаъолият намудааст. Дар соли 2011 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Реактивии рагҳои узвҳои венозӣ ҳангоми таъсири моддаҳои вазоактивӣ дар шароити гипотермия ва гипертермияи организм» ҳимоя кардаст. Дар айни замон, Ӯтавассути барномаи "Дурахшандагонгон" ба докторантураи маќсаднок дохил шуда, рисолаи докторӣ омода мекунад.
Аз моҳи январи соли 2024 кафедраро д.б.н., профессор Холбекиён М. Ё роҳбарӣ мекунад, ки он соли 1993 ДДТ ба номи В.И. Ленин (ҳозира ДМТ), факултети биологияро бо ихтисоси физиологи одам ва ҳайвон хатм бо баҳои аъло намудааст. Бо роҳхати вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиашро дар кафедраи физиологияи нормалии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино аз ассистенти коромӯз оғоз намудааст. Соли 2003 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи: «Влияние высокой температуры и нейропептида дерморфина на процессы физиологической адаптации белых крыс» ҳимоя кардааст. Аз соли 2005 дотсенти кафедра мебошад. Аз соли 2008 то моҳи январи соли 2025 ба ҳайси мудири кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» фаъолият намудааст. Дар соли 2021 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Сравнительно-физиологическое исследование влияния естественного и искусственного гипобиоза на механизмы высшей нервной деятельности у позвоночных животных» ҳимоя кардааст. Беш аз 170 кори илмӣ нашр кардааст.
Аз соли 2024 кормандони кафедра нақшаҳо ва барномаҳои таълимии кафедраро мувофиқи стандартҳои давлатӣ аз нав дида баромаданд.
Дар давраи фаъолияти Холбекиён М. Ё дар кафедра корҳои зерин анҷом дода шуданд: Кормандони кафедра Арабзода С.Н- соли 2024, Хомиҷонова Д. Х- соли 2024 ва Иргашев Ҷ.З -соли 2024 тасдиќи рисолаҳои номзадиашонро гирифтанд. Дар айни замон докторанти PHD кафедра Нурализода Миҷгона ба ҳимояи рисолаи илмиаш омодагӣ дорад.
Коллективи кафедра таҳти роҳбарии д. б. н., профессор Холбекиён М. Ё нашрияҳои зеринро омодаи чоп намуданд: Дастурҳои таълимӣ- методӣ аз фанни физиология барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои факултети тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ ва тиббӣ-профилактикӣ, саволҳои тестӣ барои имтиҳони физиологияи нормалӣ барои донишҷӯени курси 2-юми ҳамаи факултетҳои донишгоҳи тиббӣ (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), дастурҳои таълимӣ-методии «Физиологияи ҷанин ва кӯдак», «Физиологияи ковокии даҳон», «Асрори физиология», «Физиологияи мембранаи ҳуҷайра», «Маҷмааи методии таълимӣ барои факултети фармасевтӣ», «Маҷмааи методии таълимӣ барои факултети тиббӣ-профилактикӣ».
Кафедра соли 2025 мавзӯи илмӣ-тадқиқотии "Таҳқиқи ҳолати морфофунксионалӣ, хусусиятҳои психофизиологӣ, сифати ҳаёт ва имкониятҳои мутобиқшавии организми донишҷӯён дар раванди таҳсил дар донишгоҳҳои тиббии ҶТ" барои солҳои 2025-2030 тасдиқ кард.
Дар асоси мавзӯи илмии кафедра дотсент Шакурова Н. Я рисолаи докторӣ, унвонҷӯёни кафедра Зуҳурова П.М., Истамова З.Ҳ., Абдусатторов Т ва Икромова П. Н рисолаҳои номзадӣ омода мекунад.
Ҳамасола донишҷӯёни МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» таҳти роҳбарии омӯзгорони кафедра бо маърӯзаҳо дар конфронси солонаи илмӣ-амалии олимони ҷавону донишҷӯён фаъолона иштирок мекунанд. Инчунин дар олимпиадаҳои байнидонишгоҳии дохилу хориҷ аз фанни физиология иштирок намуда ҷойҳои намунавиро ишғол мекунанд
Дар айни замон ҳайати кафедра иборат аз мудири кафедра, д.и.б., профессор., Холбекиён М. Е., д. и. т., профессор Шукуров Ф.А., н.и.б., дотсент Ганизода Х.А., н.и.т., дотсент Шукурова Н. Я., н.и.т., дотсент Арабова З. У., н.и.т., омӯзгори калон Арабзода С. Н., н.и.т., омӯзгори калон Иргашева Ҷ.З., н.и.т., ассистент Абдувалиева М. А., н.и.б., ассистент Ҳомидҷонова Д. Х., омӯзгорони калон Абдусатторова М. А., Истамова З. Х., Зухурова П. М., ассистентон Раҷабова Н.У., Абдусатторов Т.А., Ахмедова Ш.А., Икромов П. Н., Вохидова М.А., Аюбова Ш.З., Хидирова Д.М., Хамроалиев Д, Ш., Нурализода М.А., Мусоева Ш.М., Алимаматов А.А., лаборантони калони Ҳасанова С,Б., Курбонова М.С ва лаборантони кафедра Ҳамроева М.А ва Нурмаҳмадзода Хабибулло.