Таърихи кафедра

Кафедраи физика баробари кушодашавии Институти давлатии тиббии Сталинобод соли 1939 ташкил ёфтааст. Якумин мудири кафедра номзади илмҳои физика ва математика дотсент А.А. Азизов таъйин шуда буд, ки ӯ олими шинохта, педагоги соҳибтаҷриба буда, пештар дар Донишогоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов фаъолият мекард. Пас аз чанде ӯро ба сафи Армияи Сурх даъват намуданд ва ӯ дар вақти Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар фронт ҳалок гашт. Ин вазифа ба зимаи И.А. Малков ва сониян ба А.М. Говорков вогузор шуд. То соли 1961 А.М.Говорков дар ин вазифа фаолият намуд, пас солҳои 1961-1979 роҳбарии кафедраро Корманди хизматнишондодаи маорифи Республикаи Тоҷикистон, дотсент М.М. Тоҷиков ба ӯҳда гирифт. Якчанд муддат У.О. Орифхоҷаев ва К.К. Носиров дар кафедра роҳбарӣ намуданд. Аз соли 1984 то 2000 Аълочии маорифи Республикаи Тоҷикистон, номзади илмҳои физика-математика , дотсент Қ.Н.Шарифов роҳбари намуда дар корҳои илмӣ -таҳқиқотӣ ва педагогӣ хизматҳои шоиста намуданд. Аз соли 2000 ба вазифаи мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ Аълочии маорифи Республикаи Тоҷикистон, доктори илмҳои физика-математика, профессор Д.С. Шерматов таъин гардид.
Д.С. Шерматов аъзои Академияи Байналмилалии муаллифони ихтироъкор, академики фанҳои иҷтимоӣ ва педагогӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Д.С. Шерматов аъзои се Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаи докторӣ ва номзадӣ мебошад. Дар ду Шӯрои Донишгоҳи миллӣ (Д 999.188.02, Д 999.117.03 ) ва аъзои Шӯрои дисертатсионии 6D.КОА-035 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад. Дар зери роҳбарии ӯ 8 нафар рисолаи номзадиро ҳимоя карданд. Д.С.Шерматов муаллифи зиёда аз 250 маколаҳои илмӣ, 3 монография , 3 китоби дарсӣ, 27 дастурамали методӣ мебошад. Корҳои ӯ дар маҷаллаҳои илмии «Механика полимеров», «Acta polymerica», «Высокомолекулярные соединения», «Физико-химическая механика полимеров» чоп шудаанд. Профессор Д.С.Шерматов аъзои таҳририяи маҷаллаи “Новые полимеры в России” дар Амрико мебошад.
• Таи солҳои 1970-1990 дар кафедра устодон, фаолияти илми доштанд:
1. докторони илм: Ҳ.О. Абдуллоев, Н.С. Султонов;
2. номзадҳои илм, дотсентҳо: А.А. Тилявов, А.Н. Норматов, Н.Т. Турсунов, С.Н. Низомиддинов, Р.А. Хошмухамедов, В.Б. Бобоев, А.И. Исломов, Т.Ф. Фатхуллаев, Н.Р. Тураева, Е.Н. Бахус, Б.Ҳ. Ҳамзаев, С.Н. Соқиев, Н.Ю. Юханонов, М.М. Израилова, Ш.Н. Нуров, Б.Ғ. Ғаффоров, Х.Н. Насруллоев, Н.Н. Нарзуллаев.
3. Муаллимони калон: З.Н. Яровинская, А.М. Павленко, Х.И. Касимов, А.М. Рубинов, К.Ж. Аубакирова, К.С. Ташпулатова, Н.Т. Усманова.
4. Ассистентон: Э.М. Мухаммедова, Л.А. Жолобова, И.И. Саженин, Аслонова Х.М., Гулов А.Ф.
Аз соли 1986 бо сабаби дохил кардани тағйиру иловаҳо дар барномаи таълимӣ кафедра “кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ номгузори карда шуд. Кафедра номи анъанавии худро ба “Физикаи тиббӣ ва биолгӣ” иваз намуд. Барномаи нав кафедраро уҳдадор намудааст, ки робитаи илми физикаро ба тиб, ки ҷараёни таълимро ҳамбастагӣ дорад, бештару аниқтар созад. Нишон додани шарҳи физикии равандҳои гуногуни физиологӣ (гардиши хун, нафаскашӣ, паҳншавии импулсҳои асаб ва ғайраҳо) дар организми одам, асосҳои физикии ташхис (электрокардиография, рентгенография ва ғайраҳо), таъсири омилҳои физикӣ ба организми одам бо мақсади муолиҷа (дефибрилляторҳо, Таҷҳизоти Баланд басомади муолдиҷавӣ ва ғайраҳо), барои пешрафти соҳаи тиб ва усулҳои ташхису таботат тайёр намудани муттахасисони донишманду болаёқат, ки аз асбобу дастгоҳҳои муосири электронӣ огоҳ яке аз вазифаҳои муҳими кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ ба шумор меравад.
Истифодабарии компютер дар ҳаёти рӯзмараи инсон бо суръати том боло меравад. Компютерҳо дар ҳифзи саломатии омма низ ба таври васеъ татбиқ мешавад.
Дар донишгоҳ ин ҳама боиси ташкил намудани кафедраи информатика гашт. Мудири кафедра номзади илми кимиё, дотсент Аслонова Хосият Маҳкамовна таъйин шуд. Кафедра моҳи сентябри соли 2007 кушода шуд.
Соли 2014 кафедраро бо кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ муттаҳид намуда, кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ номгузори карданд.
Вазифаи асосии кормандони кафедра, дар тӯли ин солҳо такмил додани фаъолияти таълим, корҳои методӣ ва илмӣ ба ҳисоб мерафт, ки ба рушди босуръати илми физика, афзуншавии аҳамияти физика дар тиб бо сабаби прогресси илмӣ-техникӣ дар тамоми ҷабҳаҳои дониши инсон ва тағйиротҳои бузург дар тиб алоқаманд аст. Муҳим он аст, ки беҳтаршавии робитаи физика бо тиб, шароити мусоид барои омӯзиши амиқи физикаи тиббӣ ва биологиро фароҳам овард.
Омӯзгорони кафедра барои аз худ намудани барномаи нави таълимӣ вобаста ба «самтноккунӣ» ва таҳияи адабиётҳои таълимӣ-методӣ бо забони давлатӣ, корҳои зиёдро анҷом доданд. Натиҷаи интиҳоии омӯзиши курси физикаи тиббӣ ва биологӣ дар донишгоҳи тиббӣ дар он аст, ки донишҷӯён бояд ҳолатҳои асосии биофизика ва ҷиҳатҳои фарқкунандаи принсипалии биофизикаро чун илме, ки равандҳои элементарии дар организми зинда гузарандаро вобаста ба саволҳои ба физикаи амалӣ ва ё принсипи сохтори асбобҳо ва дастгоҳҳои тиббӣ тааллуқдоштаро, пурра аз худ намоянд.
Кормандони кафедра як қатор корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, методӣ ва дастурамалҳоро омода ва чоп намуданд: 70 дастурамали методӣ барои донишҷӯён ва 1500 мақолаҳои илмӣ дар нашриётҳои дохил ва хориҷи кишвар ба табъ расид.
Дар кафедра донишҷуёни курси 1-уми ҳамаи факултетҳо ва донишҷуёни курси 2-юми факултети фарматсевтӣ аз фанни физикаи тиббӣ ва биологӣ дарс дода мешаванд. Донишҷӯёни факултети фармасевтӣ аз фанни математики олӣ дарс меомӯзанд. Ҳоло дар кафедра дарсҳо бо се забон гузаронида мешаванд: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Аз соли 2007 инҷониб дарсҳо бо забони англисӣ низ гузаронида мешаванд. Барои донишҷӯёни хориҷӣ маводҳои методӣ омода карда шудааст.
01.02.2020     14

Гузариш ба саҳифаи: