Омузгор сутуни фарҳанги башарият
Санаи 05.10.2020 дар кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ таҳти роҳбарии омӯзгори кафедра Муҳаммади Бобо ва гурӯҳи куратории 6, курси 1 факултети тиббӣ бахшида ба рӯзи муаллимон дар мавзӯи “Омузгор сутуни фарҳанги башарият” дарси тарбиявӣ шуда гузашт, ки ҳамаи муаллимони кафедра ҳузур доштанд. Омӯзгор Муҳаммади Бобо ва донишҷӯёни гурӯҳи 6 Зокирзода Муҳаммад, Ҳакимова Бибиҷон, Ёқубова Гулбаҳор, Бандаев Исфандиёр, Аюбова Нигина, Шукуров Алиакбар дар дарси тарбиявӣ баромадҳо карда, муаллимонро табрик карда, аз бузургони шеъру шеърхони ва дар васфи муаллимон суханҳои бузургонро баён карданд.
Мудири кафедра, профессор Шерматов Д.С.
Мутасадӣ, саркуратор Муратова Ч.Ҷ