НАВБАТДОРӢ ДАР ХОБГОҲИ №64345345343
Омӯзгорон ва устодони кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи иттилоотӣ ассистентхо Мамадалиев М.М. ва Сироҷиддинов М.Э. дар хобгоҳи №6 аз соати 20:00 то соати 22:00 навбатдор буда, хобгоҳи донишҷуёнро мавриди санҷиш қарор доданд. Навбатдорон аз толори хониши донишҷуён, ҳуҷраҳои зисти писарон ва духтарон, ошхона ва ҳаммом дидан намуда, аз шарту шароити зисти донишҷуён, ҳолати санитарии хуҷраҳо ва ба талабот ҷавобгӯ будани онҳо назорат карданд.
Дар рӯзи навбатдорӣ ҳамаи донишҷуён дар ҳуҷраҳои худ қарор доштанд. Навбатдорон назоратро аз ошёнаи якуми хобгоҳ шуруъ намуда, аз толори хониш, ошхона ва ҳаммоми донишҷуён дидан карданд, ки дар ҳолати хуб қарор доштани вазъи санитарӣ ва гигиенӣ мушоҳида карда мешуд. Сипас аз ошёнаи 1-ум то 3-ум ҳолати санитарии ҳуҷраҳои писарон ва духтарон назорат карда шуд, ки тозагии ҳуҷраҳои писарон дар вазъи миёна ва тозагии ҳуҷраҳои духтарон дар вазъи хуб қарор дошт. Бо донишҷӯён оиди тозагии ҳуҷраҳо маслиҳатҳо дода шуд.
Дар рафти навбатдорӣ мушоҳида карда шуд, ки донишҷӯён дар толори хониш ба хондани китобҳо машғул буда, ошхона ва ҳаммом барои донишҷуён дар ҳолати санитарӣ қарор доранд.Ҳамчунин, навбатдорони хобгоҳ бо донишҷӯён ва коргарони хобгоҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба бемории “COVID-19” гузаронида, дар толори хониш бобати Пайёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён суҳбат оростанд.
Ассистентони Кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ
бо асосҳои технологияи иттилоотӣ - Мамадалиев М.М., Сироҷиддинов М.Э.