5-октябр Иди забон
Санаи 6-и октябри соли равон дар кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи иттилоотӣ дар гурӯҳи 3-и тиббӣ-профилактикӣ, ки таҳти роҳбарии Мавлонова Хуршеда Самадовна қарор дорад, семинар бахшида ба “5-октябр Иди забон” баргузор гардид.
Дар семинар донишҷӯён баромад карда, дар васфи забон бисёр суханони пурмуҳтаво ва ҷаззоб баён карданд. Исмоилзода Сорбон дар бораи таърихи пайдоиши забони ноби тоҷикӣ сухан намуд. Донишҷӯён Шарифова Дилноза, Азимова Зарнигор, Ҷумаев Собитҷон, Ҳакимова Дилноза аз ашъори шоирони классик ва муосир порчаҳои шеърӣ ва ҳикоятҳо қироат карданд. Дар охир куратори гурӯҳ Мавлонова Х.С. ҳамаи донишҷӯён ва омӯзгоронро бо иди забон ва иди касбии омӯзгорон табрик гуфта, дарси тарбиявиро ҷамъбаст намуд.
Мудири кафедраи физикаи тиббӣ вабиологӣ бо асосҳои
технологияи информатсионӣ профессор Шерматов Д.С.
Мутасадӣ, саркуратор Муратова Ч.Ҷ