Фаъолияти илмии кафедра

Самти илмии кафедра - таҳқиқотҳои эксперименталии хосиятҳои мустаҳкамӣ ва пойдорӣ; сохтор ва хосиятҳои полимерҳои сахт; таҳқиқоти спектри дискретии савияҳои хосиятҳои физикӣ бо назардошти мустаҳкамӣ ва пойдории пардаҳои полимерӣ ва нахҳо, динамикаи онҳо ҳангоми таъсири омилҳои гуногун дар алоҳидагӣ ва якҷоягӣ мебошанд. Корҳои илмии кафедра дар маҷаллаҳои «Механика полимеров», «Acta polymerica», «Высокомолекулярные соединения», «Физико-химическая механика полимеров» ва ғайраҳо чоп шудааст. Мудири кафедра аъзои ҳайати таҳриряи «Новые полимеры в России» мебошад, ки ин маҷаллажурнал дар Америка бо забонхои англисӣ ва русӣ нашр мешавад.
Айни ҳол дар кафедра донишҷӯёни курси 1-уми ҳамаи факултетҳо ва донишҷӯёни курси 2-юми факултети фарматсевтӣ аз фанни «Физикаи тиббӣ ва биологӣ» дарс меомӯзанд. Донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ, ғайр аз ин фанни математикаи олӣ низ дарс меомӯзанд. Аз соли 2007 инҷониб дар кафедра машғулятҳо бо донишҷӯёни хориҷӣ бо забони англисӣ гузаронида мешавад. Барои донишҷӯёни хориҷӣ маводҳои таълимӣ бо забони англисӣ тайёр ва нашр карда шудааст.
Дар замони муосир иҷроиши корҳоро бе компютер тасаввур кардан ғайриимкон аст. Истифодабарии компютерҳо дар ҳаёти рузмарраи инсон бо суръат пеш рафта истодааст. Компютерҳо дар ҳифзи саломатии омма низ васеъ татбиқ шуда истодаанд. Бо ин хотир дар назди кафедра синфҳои бо компютерҳои муосир таҷҳизонидашуда, ташкил карда шудааст. Панҷ синфхонаи бо компютерҳо, принтерхо, дастгоҳхои мултимедӣ ва тахтаи электронӣ муҷаҳҳаз гардида шудааст.
Бояд зикр кард, ки дар кафедра курси информатикаи тиббӣ барои аспирантҳо, ординаторҳо ва магистрҳои донишгоҳ гузаронида мешавад. Аз соли 2012 инҷониб дар кафедра курси такмили ихтисос (КТИ) аз информатика гузаронида мешавад, ки дар ин муддат 600 устодон ва кормандони донишгоҳ ин курси омузиширо гузашта, соҳиби сертификат шудаанд.
Ҳамкориҳои дохилӣ ва хориҷии кафедра
1. Ҳамкориҳои дохилӣ:
1. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
2. Институти физика ва техникаи ба номи С.Умарови АИ ҶТ
3. Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ
4. Институти химияи АИ ҶТ,
5. Донишгоҳи ба номи Н.Хусрави Бохтар
2. Хамкории хориҷӣ:
1. Институти физика ва химияи АИ Россия,
2. Академияи давлатии нахҳои тунуки химиявии ба номи М.В.Ломоносови шаҳри Москва
3. Донишгоҳи давлатии тиббии Новосибирск

01.02.2020     18

Гузариш ба саҳифаи: