Таърихи кафедра


Кафедраи фармакология соли 1941 таъсис дода шудааст. Роҳбари аввалини он дотсент Маевский Э. В. буд. Дар кафедра ассистентон Новикова-Смирнова М. А., Мелникова Т. А., Троитская Н. А., Касимо¬ва З. С., Гаврикова З. А., Медник Г. Л. кор мекарданд. Дар корҳои пешрафт ва такмили раванди тадрису таълим дар кафедра проф. Г. Л. Медник саҳми арзанда гузоштааст.
Аз соли 1954 то 1982 профессор Г.Л.Медник вазифаи мудири кафедраро ба ӯҳда дошт. Бо роҳбарии ӯ кормандони кафедра оид ба омӯзиши хосиятҳои зиддиилтиҳобии доруҳо тадқиқот анҷом додаанд. Тадқиқотҳои зиёди онҳо ба таҳқиқи бемориҳои илтиҳобӣ дар шароити баландкӯҳ бахшида шуданд. Кафедра дар ин самт бо кафедрахои физи-оология нормалӣ, физиологияи патологӣ ва биохи¬мия ҳамкории зич барқарор кард. Таҳти роҳбарии профессор Г. Л. Медник 13 нафар рисолаҳои номзадиро дифоъ намуданд, ки дар байни онҳо академики АИ ҶТ, профессор К.Ҳ.Ҳайдаров, академики Академияи инженерии байналмиллалии ФР профессор Ю.Н.Нуралиев, профессор Ишонқулова Б.А. айни замон илми фармакологияро дар Ҷумҳурӣ фаъолона рушд дода истодаанд.
Аз соли 1982 то 1995 вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои тиб, доцент Саодат Абдураҳмоновна Умарова ба ӯҳда дошт. Ӯ инчунин корҳои зиёди ҷамъиятиро иҷро намуда чандин солҳо раиси шӯрои занон ва муовини раиси донишкадаи комитети партиявиро ба ӯҳда дошт.
Аз солҳои 1967 то 2007 дар кафедра номзади илмҳои тиб, дотсент Лариса Григорьевна Постржигач кор ва фаъолият намудааст. Фаъолияти педагогии ӯ аз ординатор оғоз ёфта то ҳайси дотсентӣ расидааст. Солҳои зиёд дар кафедра вазифаи ассистенти таълимро ба ӯҳда дошт ва таҷрибаи бойи педагогии худро ба шогирдони ҷавон меомӯзонид.
Аз соли 1995 ба вазифаи мудири кафедра Ишонқулова Б.А. аз рӯи озмун интихоб гардид. Соли 1972 ӯ Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намуда, ба ординатураи кафедраи фармакология дохил шуд ва тамоми фаъолияти худро то инҷониб ба рушду нумӯи кафедра бахшидааст.
Соли 1982 Ишонқулова Б.А. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Таъсирбахшии кортизон ва бруфен ҳангоми бо роҳҳои гуногуни ворид намудан ба ҷараёни артрити адъювантӣ» бомуфаққият дифоъ намуд. Аз рӯзҳои аввали мудири кафедра будан Бӯстон Астановна Ишонқулова ба раванди таълимӣ-методӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудааст. Аз ҳамаи фаслҳои мавзӯъҳо доир ба илова ва нашри дастурамалҳои методӣ, стендҳои нав, барои машғулиятҳои амалӣ аз тарафи устодон истифодаи папка-файлҳо оиди ҳар як мавзӯъ пешниҳодҳои муфид намудааст. Барои малакаҳои амалии донишҷӯён ба маҳорати доругузаронӣ бо роҳҳои гуногун - бо роҳи дарунӣ (ба воситаи зонд), зери пӯст, дохили мушак, дохили варид ва ингалятсионӣ ба хайвоноти тачрибавй эътибор дода мешуд.
Дар солҳои охир дар ка¬федра ба корҳои таълимию методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ диккати бештар дода мешавад. Устодони кафедра дастурамалу тавсияҳои зиёди таълимӣ-методиро ба табъ расониданд. Дар кафедра мунтазам дарсҳои кушод гузаронида мешаванд. Дар ҷаласаҳои кафедра робитаи дарсҳои кушод, лексияхо, машғулиятҳои амалӣ, дастурамалҳои таълимию методӣ оиди мавзӯи дарс мухокима шуда, ба дараҷаи касбии устодон баҳо дода мешавад.
Аз соли 1991 Ишонқулова Б.А. самти илмии кафедраро иваз намуда бо роҳбарии ӯ омӯзиш ва тадқиқоти гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон, ки хосияти зиддидиабетӣ доранд, оғоз ёфт. Дар ин самт таъсироти гипогликемиявӣ ва гиполипидемиявии анҷибар, талхак ва барги ток омӯхта шуданд. Дар натиҷа зиёда аз 400 таълифоти илмӣ ба табъ расонида, 1 рисолаи докторӣ (Ишонқулова Б. А.) ва 6 рисолаи номзадӣ (Юлдошева У. П., Шарофова М.У., Урунова М.В., Хочаева Ф.М., Исматов С.Н., Музафарова М.Ҳ.) ҳимоя гашт. Ишонқулова Б. А. бо шогирдонаш 5 Патенти ҶТ ва 2 навоварии расионализатори давои наботии қандпасткунанда ва ширарон - «Юнибет», «Фитобет», «Ҷавҳари ғӯраи ангур», «Ҷавҳари хушки ғӯраи ангур» ихтироъ намуданд. Дар бисёр семинарҳои байналхалқӣ дар Федератсияи Россия (ш.Дубна, 2003), ИМА (штати Флорида, ш. Тампа, 2004) ва мамалакатҳои Осиёи Марказӣ, Конгресси Россия бо аъзои олимони умумиҷаҳонӣ «Человек и лекарство»-и ш. Москва (2009, 2010, 2012), Конгресси Осиёи Марказии МАКМАХ «Антибиотикорезистентность» ш. Карагандаи Ҷумҳурии Қазоқистон (2014) иштирок намудааст. Инчунин ӯ ғолиби Фонди Президентии илмҳои фундаменталӣ ба ҳисоб меравад.
Кормандони кафедра дар кори Съездҳои умумииттифоқии фармакологҳо, Съезди фармакологҳои Россия, Съездҳои дорусозони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Конгресси «Человек и лекарство»-и Россия, Съезду конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷамъиятҳои илмӣ ширкат меварзанд.
Дар кафедра Махфили илмии донишҷӯён амал мекунад. Дар он донишҷӯён тахти роҳбарии омӯзгорон оид ба мавзӯъҳои ка¬федра тадқиқоти илмӣ буда, аз натиҷаи бадастоварда дар конфронсҳои илмию амалии олимони ҷавон ва конфрон¬сҳои донишгоҳ дар намуди презентатсия баррасӣ мекунанд.
Айни ҳол н.и.т., дотсент Урнова М.В. аз рӯи озмун дар вазифаи мудири кафедраи фармакология фаъолият менамояд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php