«Забони давлатӣ- рамзи ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ»

«Забони давлатӣ- рамзи ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ»
Дар кафедраи фармакология 4.10.2019с. бахшида ба рўзи забон «Забони давлатӣ- рамзи ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ» бо иштироки устодони кафедра ва донишҷуёни курси 3-ум , гуруҳҳои 5 ( 5 нафар), 44 (10нафар), 47 ( 16 нафар ), факултети тиббӣ , (ҳамагӣ 31 нафар) соати тарбиявӣ гузаронида шуд.
Ифтитоҳи маҳфил бо суханронии мудири кафедра н.и.т., дотсент Урунова М.В оғоз ёфта ба донишҷуён оиди забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар макоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Баъдан аз ҷониби донишҷуйи курси 3-юми гуруҳи 45 факултети тиббӣ Ҳамидов Иззатулло маъруза дар мавзўи « Забони давлатӣ- рамзи ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ» пешниҳод шуд. Дар маъруза қайд карда шуд, ки имруз забони тоҷики ба хайси забони миллӣ ва давлати дар мақоми забони сиёссат,илму фарҳанг,қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, имрўз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубадал гардидааст.
07.10.2019     305

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php