Сарқонун – бахтномаи миллат

Сарқонун – бахтномаи миллат
Санаи 5 ноябри соли ҷорӣ дар кафедраи фармакология бо иштироки устодон ва донишҷӯёни гурӯҳҳои 3,4 ва 5-уми курси чоруми факултети фармасевтӣ ва гурӯҳи 12-уми бакалаврҳо бахшида ба рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- санади тақдирсоз» мизи мудаввар доир гашт. Дар назди ҳозирин донишҷӯёни гурӯҳҳои 3 ва 4-ум Шодизода Х. ва Раҳимова С. баромад карда, бобҳои конститутсияро як ба як номбар карда, маънидод намуданд ва ба саволҳои сершумори донишҷӯён ҷавоб гардониданд. Ба донишҷӯён оиди ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, моддаҳои 14-47-и боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд. Дар охир мудири кафедра, н.и.т., дотсент Урунова М.В. баромад карда, қайд намуданд, ки Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳимми ҷомеа мебошад ва кулли мардуми тоҷик бо камоли ифтихор 6-уми ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола қайд менамоянд. Хулоса, боиси ифтихор аст, ки Сарқонуни кишвар дастгиру раҳнамои мардуми тоҷик гардид. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки Сарқонунро эҳтиром намояд.
12.11.2019     1563

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php