Тероризм ва экстремизм ҳамчун падидаи номатлуби ҷомеа

Тероризм ва экстремизм ҳамчун падидаи номатлуби ҷомеа

Бо иштироки профессори кафедра – Анварова Ш. С., мудири кафедра – Ниязова Н. Ф., дотсентони кафедра – Ҷӯраева С. Д., Иноятова Н. А., омӯзгорон – Пирматова М. А., Исаков А. Ҷ., Носырова Б. С., Юлдошева М. У., ординаторони клиникӣ, интернҳои кафедравӣ ва донишҷӯёни курси 4 –ум гурӯҳҳои 17,18,19,20,21 дар кафедраи эндокринологияи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар мавзӯи “Тероризм ва экстремизм ҳамчунин падидаи номатлуби ҷомеа” чорабинӣ гузаронида шуд. Қайд карда шуд, ки ҷомеаи башар имрузҳо дучори ҷаҳли терроризм ва экстримизм гаштааст. Ин кирдори нангини шахсиятҳои аз фарҳангу маьрифат бехабар, барои тамоми аҳли башар зараровар буда, ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст.

Донишҷӯи курси 4 ФТ гурӯҳи 19 Сидиков Абдусаид бо маърӯза оиди ин мавзӯи муҳим баромад намуд . “Эҳсоси бад ва нангин он аст, ки ин ҳама ҷаҳолатро ин беномусон зери ниқоби дини мубини Ислом пинҳон намуда, аз номи шириати накуи мусулмонон ин амалҳоро иҷро мекунанд. Ҳол он, ки дини мубини Ислом орӣ аз ҷаҳолату куштор ва таҷовуз аст.

Амалҳои террористӣ ва экстримистӣ ҷони хазорҳо мардуми сулҳпарвари ҷаҳонро рабуда, мардуми минтақаҳои дигарро зери хатар гузоштааст. Ҳар давлату ҳар миллат дар тӯли таьрих ҳамеша рӯ ба тараққӣ ниҳода, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки наслҳои ояндааш саводноку солимфикр ба камол расанд ва рушди миллату ватани худро қарзи асосии зиндагиашон донанд.

Тоҷикиситон сарзамини мардуми сулҳпарвар ва башардӯст буда, ҳар икдоми неки Пешвои Муаззами Миллат барои тараққиёт ва ободии миллат равона гардидаанд. Мо ҷавонон ояндаи Ватан ҳастем. Танҳо азму иродаи қавӣ, солимфикриву бофарҳангӣ ва дониши мо боиси пешрафти Ватани азизамон шуда метавонаду, бас!

Мардуми мо ҳамеша хоҳони сулҳ ва дӯстӣ буда, бузургону аҷдодони мо ҳамеша бо ақли солиму фарҳанги зиндагидорӣ, бахусус меҳмоннавозӣ миёни мардумони дигари минтақа фарқияти хоса доштаанд. Ин хислати накуи тоҷикона ҳанӯз ҳам дар ирсияти мо, насли имрӯзи мо боқӣ мондааст ва бояд, ки барои наслҳои оянда низ мерос монад.

Мардуми мо ҳамеша хоҳони сулҳ ва дӯстӣ буда, бузургону аҷдодони мо ҳамеша бо ақли солиму фарҳанги зиндагидорӣ, бахусус меҳмоннавозӣ миёни мардумони дигари минтақа фарқияти хоса доштаанд. Ин хислати накуи тоҷикона ҳанӯз ҳам дар ирсияти мо, насли имрӯзи мо боқӣ мондааст ва бояд ки барои наслҳои оянда низ мерос монад.

Мо ҷавонони тоҷик, зидди терроризм ва экстримизм хастем! Шариати накуи исломиро бо ҳама ақидаҳояш танҳо барои дӯстӣ, сулҳ ва ояндаи нек пос медорем.”

Дар охир донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Чорабинӣ таҳти раисии мудири кафедраи эндокринологияи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино н.и.т. Ниязова Наргис Фазлихудаевна ва мутасадӣ ассистенти кафедраи эндокринологияи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Исаков Акмал Ҷӯрабоевич. 

Мудири кафедра н.и.т. Ниязова

Асс .кафедра        Исаков А. Ҷ

19.09.2020     178

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php