«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Дар санаи 30.10.2019 дар кафедраи эндокринологияи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинӣ гузаронда шуд. Дар аввал мувофиқи талабот шахси мутасадӣ профессори кафедраи эндокринологияи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, д.и.т. Анварова Шакарҷон Саидаромовна ин чорабиниро оғоз гардонид. Қайд карда шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Дар ин маърӯза инчунин Ахмедова Нигина донишҷӯи курси 4-уми гуруҳи 45 ба кормандони кафедра, ординаторҳои клиникӣ, интернаҳои кафедравӣ, донишҷӯёни курси 4 – уми гурӯҳҳои 40, 41, 42, 43, 44, 45, 46 оид ба «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот дод. Чорабинӣ бо суханони д.и.т., профессори кафедра Анварова Ш.С. итмом гардид.
Мудири кафедраи эндокринология, н.и.т. Ниязова Н.Ф.
Ассистенти масъул оид ба тарбия Исаков А.Ҷ.
05.11.2019     331

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php