Боздид аз хобгоҳ

Боздид аз хобгоҳ
29. 01. 2020 ассистенти кафедраи эндокринология Исаков А.Ҷ. дар хобгоҳи №3 бо шароити зисту зиндагонии донишҷӯён дар хобгоҳ шинос гардид. Бояд қайд кард, ки дар хобгоҳи мазкур барои донишҷӯён ҳамаи шароитҳо бо таври замонавӣ муҳайё аст. Баъд бо донишҷӯён дар мавзӯҳои ӯҳдадориҳои донишҷӯ андар донишомӯзӣ, сабру қаноат дар илмомӯзӣ, этикети либоспӯши, одоби муошират, одоби шунидан ва сухан гуфтан, сӯҳбат гузаронда шуд. Ҳамчунин дар рафти сӯҳбат бо донишҷӯён дар мавзӯҳои ҳисси ватандӯстӣ ва мавқеи ҷавонон дар ҷомеъа, пешгирии бегонапарастӣ, ифротгароӣ, зӯроварӣ дар байни донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуд ва дар охир донишҷӯён ба саволҳои сершумори худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 Н.Ф. Ниязова, мудири кафедраи эндокринология, н.и.т.,

31.01.2020     380

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php