Ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи маориф ва илм

Ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи маориф ва илм

Бо Ташабуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо нақшаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар толори бинои асосии Донишгоҳи славянии Руссия-Тоҷикистон «Ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи маориф ва илм»-и кишварро ҷиҳати ҳамовозӣ ва дастгирии Муроҷиатномаи вакилони анҷумани 14-уми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон оид ба пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд, ки дар чорабинии мазкур намояндагон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Раиси Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мудирони Шӯъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе ва олимону муҳаққиқони ҷавони соҳаи маорифи кишвар иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки санаи 31 августи соли 2020 дар Анҷумани 14-уми ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамовозии амиқ номзадии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.

Зимни ҳамоиш намояндагон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Раиси Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мудирони Шӯъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе ва олимону муҳаққиқони ҷавони соҳаи маорифи кишвар баромад намуда, номзади пешбарӣ намудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро ҳамчун номзади арзандаву беназир ҷонибдорӣ намуданд.

Дар охири ҳамоиш аз номи кулли олимону муҳақиқони ҷавони соҳаи маориф ва илми кишвар вобаста ба номзадӣ пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон изҳорот қабул гардида, иштирокчиёни ҳамоиш номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамовозии дастаҷамъона дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ин ҳамоиш аз кафедраи эндокринологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикикстон ба номи Абӯалӣ ибни Сино асситентони кафедра Исаков Акмал Ҷӯрабоевич ва Насырова Беназир Саидравшановна иштирок доштанд.

 

Мудири кафедраи эндокринология н.и.т. - Ниязова

Ассистенти кафедраи эндокринология    -   Исаков А. Ҷ.

4
3
2
1
02.10.2020     139

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php