Суҳбат оид ба таърихи тоҷикон

Суҳбат оид ба таърихи тоҷикон
13.02.2020 дар кафедраи дерматовенерология бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳҳои 9-16-и курси 4, факултети тиббӣ ҷаласа баргузор гардид. Дар он донишҷӯи гурӯҳи 11, курси 4-ум Юсупов Фирӯз дар мавзӯи “Нақши тоҷикон дар таърих ва тамаддуни ҷаҳонӣ” баромад намуд. Ӯ дар баромадаш қайд намуд, ки аз замонҳои қадим тоҷикон дорои фарҳангу тамаддуни хоси худ буда, ба равнақу ривоҷи дигар тамаддунҳо низ таъсири бузурге расонидаанд. Ҳамчунин, ӯ зикр кард, ки маҳз бо шарофати ташаббускориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми дунё аз таъриху тамаддуни бойи тоҷикон огоҳ гардида, тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф менамоянд. Дар охири маърӯзааш Юсупов Фирӯз ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас дод.
С.С.Бозоров, М.Абдуалимова, ассистентони кафедраи дерматовенерология
13.02.2020     344

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php