Китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”- қомуси миллати тоҷик

Китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”- қомуси миллати тоҷик
1-ноябри соли ҷорӣ дар кафедраи дерматовенерологияи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино маърӯза дар мавзуи “Китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”- қомуси миллати тоҷик”.
Баромадкунандагон курси 4 гурухи 5 Дар маърӯзаи худ қайд карданд, ки китоби “ Точикон “-и Бобочон Гафуров “ Комуси миллат “ аз ду чилд иборат буда , чилди якум аз мукаддима ва чор фасл ва чилди дувум фаслхои панч ва шашро дар бар мегирад, дар ин китоб дар бораи таърихи гузаштаи халки точик маълумот дода шудааст.
Бе надонистани таърихи худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замони қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруф аст ва ин анъанаи неку бостонии хешро идома дода истодааст. Китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд.
Дар он таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми инсоният дарҷ гардидааст. Китоби «Тоҷикон» аз муқаддима ва 6 фасл иборат буда, аз Сохти ҷамъияти ибтидоӣ то ба Россия ҳамроҳшавии тоҷикон ба таври возеҳ, бо санаву рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар он ҷой дода шудаанд. Меҳнати якумраи Бобоҷон Ғафуров дар ин китоб инъикос гардидааст . Китоби «Тоҷикон», воқеан, ифшогари аслу вуҷуди миллати тоҷик аст.
Мудири кафедра д.и.т. Мухамадиева К. М.
Мутассадӣ оиди корҳои Зоирова Н. П. тарбиявӣ-фарҳангӣ.
05.11.2019     7654

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php