Дарси тарбиявӣ дар кафедраи дерматовенерология

Дарси тарбиявӣ дар кафедраи дерматовенерология

Санаи 18-уми февралии дерматовенерологияи донишгоҳ бо роҳбарии устод Абдуллоева М.А. дар гурӯҳи дуюми курси панҷуми факултаи НТҶ баромад ва презентатсия оид ба мавзӯи «Об - манбаи ҳаёт» баргузор гардид. Баромадкунанда донишчуи хамин гурух Хафизова Башорат, дар зимни баромадаш кайд кард, ки об дар рӯи замин барои тамоми мавҷудоти зинда нақши муҳимро мебозад, бинобар ин «обро сарчашмаи ҳаёт» номидаанд. Об - ин сарвати табии аст, ки на ҳамаи давлатҳо дорои ин сарват мебошанд, вале хушбахтона Тоҷикистон, ки дар саргаҳи ташакулёбии обҳои минтақаи Осиёи Миёна ҷойгир аст, аз ин ганҷинаи бебаҳо бой мебошад. Тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузург ҳамеша мефахранд. Бо назардошти ин мушкилот сарвари давлат - Эмомали Раҳмон аз 21декабри соли 2016 Маҷмааи Умумии СММ Қатъномаи     А/RES\71/222-ро зери унвони   “Даҳсолаи Байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солхои 2018-2028” бо хамуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Зимни суханрони дар Форум Президенти кишвар зикр намуда буд, ки «тахдиду хатархои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иктисодӣ, афзоиши ахоли, таъғири иклим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологи, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоати, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши сатхи фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро такозо дорад».

Даҳсолаи нав идомаи мантиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «об барои хаёт» махсуб ёфта, ҷихати расидан ба Хадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард. Ба ҳамагон малум аст, ки ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «об барои хаёт» 2005-2015 соли 2003 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «об барои хаёт» ва дар асоси катъномаҳои СММ солҳои 2010, 2013 ва 2015 се муколамаи фарогири СММ баргузор карда шуд.

М.А. Абдуллоева, ассистенти кафедраи дерматовенерология 

21.02.2019     383

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php