Дарси кушод дар мавзӯи “Об барои рушди устувор” дар кафедраи дерматовенерология

Дарси кушод дар мавзӯи “Об барои рушди устувор” дар кафедраи дерматовенерология

Рӯзи 18-уми феврал дар кафедраи дерматовенерологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дарси кушод дар бораи “Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардид. Дар дарси кушод донишҷӯи курси 5-и гурӯҳи 1-и факултети нигањдории тандурустии ҷамъитятӣ Маликов Ҳусейн доир ба аҳамияти Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ дар бораи “Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 21-уми декабри соли 2016 қабул гардидааст, андешаронӣ намуд. Ӯ гуфт, ки: “Дар ҷаҳони имрӯза, новобаста аз мушкилоти гуногуни муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои дастаҷамъонаи кишварҳои олам барои дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти умумибашарӣ равшан ба назар мерасад.

Татбиқи барномаҳои марбут ба соҳаи об инъикосгари манфиатдор будани на танҳо Тоҷикистон, балки дигар мамлакатҳои дуру наздик мебошанд. Татбиқи барномаҳо бо таъкиди он, ки манбаъҳои обӣ барои рушди устувор ва аз байн бурдани камбизоатӣ ва гуруснагӣ дорои аҳамияти ҳалкунандаанд, барои рушди захираҳои инсон ва таъмини саломатию бурдбории инсон комилан зарур буда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои марбут ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шуда, аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Маънии “рушди устувор” ин рушди бонизом буда, 3 омили асосии зеринро дар худ таҷассум менамояд:

1. Рушди босуръати иқтисодиёт;

2. Баробарии иҷтимоӣ;

3. Суботи экологӣ.

Зарурати қабули қатъномаи мазкур ба он нигарониҳои умумибашарии зерин асоснок мегардад, ки барои ҳамаи кишварҳои олам дахл доранд: афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйироти иқлим, инчунин, набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасӣ ба оби нушокии бехатар, хизматрасонии асосӣ дар соҳаи беҳдошт ва малакаҳои қавии тозагӣ, нобаробарӣ ба дастрасӣ, офатҳои гидрологӣ ва ғайра”.

Бояд гуфт, ки дарси кушод кормандон ва донишҷӯёни кафедра иштирок доштанд.

 С.С. Исматуллоева, н.и.т., ассистенти кафедраи дерматовенерология

21.02.2019     671

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php