Чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ

Чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ
17 феврал дар кафедраи дерматовенерологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино маърӯзаи интерактивӣ доир ба китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров - қомуси миллати тоҷик” дар ҳалқаи кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси 4, факултаи тиббӣ зери роҳбарии Ҳусейнов А.А. баргузор шуд. Баромад дар шакли презентатсия ва саволу ҷавоб пешниҳод шуд.
Маърӯзачӣ донишҷӯи курси 4, гурӯҳи 10 Раҷабов Шоҳрух дар маърӯзаи худ қайд кард, ки бе надонистани таърихи худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замони қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруф аст ва ин анъанаи неку бостонии хешро идома дода истодааст.
Китоби “Тоҷикон”-и Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост ки арзиши худро гум накардааст ва умри ҷовидонӣ хоҳад дошт. Китоби “Тоҷикон” аз муқаддима ва шаш фасл иборат буда, таърихи халқи тоҷикро аз ҷамоаи ибтидоӣ то ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистӣ Октябрро дар бар мегирад. Бобоҷон Ғафуров исбот кард, ки халқи тоҷик мардуми соҳибтамаддуну куҳанбунёд буданду ҳастанд вам ҳамин тавр боқӣ хоҳанд монд.
Мудири каф. дерматовенерология, д.и.т. Муҳаммадиева К. М. 
Мутасаддӣ оид ба корҳои тарбиявӣ ва фарҳанг Зоирова Н. П.
20.02.2020     305

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php