«Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

«Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
29–уми октябри соли ҷорӣ дар кафедраи дерматовенерологияи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино маърӯзаи «Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳалқаи кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси – 4 факултети тиббӣ зери роҳбарии дотсенти кафедра н.и.т Усмонзода Ҳамро баргузор гардид.
Баромадкунанда донишҷӯи гурӯҳи – 2. Баҳриев Бежан дар маърӯзаи худ қайд кард, ки « Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд »-талаби замон,ҷавобгуи хостаҳо ва дархури ҷомеаи имруза аст.Ба тагйиру илова гардидани уҳдадории фарзанд назди падару модар ин ҳуҷҷати ояндасоз боз ҳам мукаммалтар гардид.
Таълим ва тарбия аз сатҳи дониш ва чаҳонбинии волидон низ вобастааст.Тарбияи фарзанд басо кори душвор аст.Яке аз омилҳои муҳимтарини тарбияи фарзанди солеҳ рафтори худи волидон аст.
Ҳар як падару модар бояд хуб дарк намоянд,ки фарзанд дар боги зиндаги ниҳол асту ва онҳо богбон,ки ниҳол бе обу ҳаво ,бе рушноии офтоб,бе нигоҳбинии богбон хуб намесабзад,бояд ба он нихол шароите фарохам орем ,ки сабз гашта самара орад,то ҳосилаш истифода барем.
Пешвои муаззами миллат Эмомали Раҳмон дар ин бора гуфтаанд: «Ҳамаи дастовардҳо ва корномаҳои мардонагиву қаҳрамонии фарзандони халқи тоҷик,бешубҳа,натиҷа ва самараи заҳмати шабонарузии падару модарони азизи мо мебошад.Чунки ҳамчун инсони комил ба воя расидани фарзанд ва тарбияи дурусти у ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва дастгириву садоқати падару модар имкон надоранд.»
Мудири кафедра д.и.т. Мухамадиева К. М.
Мутассадӣ оиди корҳои Зоирова Н. П. тарбиявӣ-фарҳангӣ
04.11.2019     402

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php