Модар - сарчашмаи зиндагӣ ва бақои насли инсон

Модар - сарчашмаи зиндагӣ ва бақои насли инсон
Санаи 3 марти соли 2020 тибқи фармону супоришҳо ва нақшаи кори тарбия дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика чорабинии тарбиявӣ ва фарҳангӣ бахшида ба «Рӯзи модарон» дар мавзӯи « Модар - сарчашмаи зиндагӣ ва бақои насли инсон аст» бо гуруҳҳои кураторӣ ва устодону кураторони кафедра гузаронида шуд.
Яке аз рӯзҳои таърихи дар ҳаёти занон ин 8 – март рӯзи байналмилалии занон аст, ки бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон он дар кишвари мо ҳамчун Рӯзи модарон таҷлил мегардад. Рӯзи модар номгузорӣ шудан ин аз ҳурмату бузургии Зан - Модар дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Дар ҳақиқат Зан - Модар ба чунин мақому мартаба, ҷойгоҳи баланд ва қадрдонӣ сазовор аст. Ӯ офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила мебошад. «Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст». Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтаст. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шӯҳратёр мегардад. Дасти дуои модар калиди дари хушбахтии мост: Аз ин рӯ, ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад.
Дар махфили адабӣ – фарҳангӣ донишҷӯёни гурӯҳҳои кураторӣ аз рӯӣ нақшаи пешаки таҳиягардида баромад карданд:
- Таърихи ҷашнгирии иди 8-март.
- Қироати шеър дар васфи зан-модар.
- Саҳначаи тарбиявӣ доир ба мавзӯи “Қиссаи хушдоман ва келин„.
- Сурудхонӣ дар васфи модар.
- Рақси духтарони гурӯҳҳои хориҷӣ.
КАФЕДРАИ БИОЛОГИЯИ ТИББӢ БО АСОСҲОИ ГЕНЕТИКА
05.03.2020     457

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php