КОРОНА ВИРУС - ИН ВАБОИ БЕАМОН

КОРОНА ВИРУС - ИН ВАБОИ БЕАМОН
11 апрели соли 2020 дар толори Маҷмааи нави таълимии Шаҳраки Шифобахши донишгоҳ бо иштироки васеи устодон ва донишҷӯён маҳфили «илмӣ-тарбиявӣ» аз ҷониби кормандони кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика баргузор гашт. Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика н.и.б., дотсент Холбегов М.Ё ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки ҳадафи асосии ташкил ва гузаронидани чорабинии имрӯза пеш аз ҳама бори дигар огоҳ намудани донишҷӯёну омӯзгорон оид аз пешгирӣ ва паёмадҳои коронавируси COVID-19 мебошад.
Маҳфил доираи васеи муҳокимарониро дар бар гирифт ва як қатор маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ-тарбиявӣ, намоиши расму овезаҳо аз ҷониби омӯзгорони кафедра пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
Дар рафти ҳамоиш барои иштирокчиён барномаи фарҳангӣ-маърифатии донишҷӯёни гуруҳҳои куратории кафедра пешкаш гардонида шуд.
КАФЕДРАИ БИОЛОГИЯИ ТИББӢ БО АСОСҲОИ ГЕНЕТИКА
16.04.2020     361

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php