ҲИФЗИ ТАБИАТИ ВАТАН НИШОНИ ВАТАНДОРИСТ

Миллати точик аз кадимулайём соҳиби хираду идрок ва меҳнатдусту пургайрат аст. Он хамеша дар пайи ободиву озодагист. Ин миллати бузург ҳамеша кушиш бар он мениҳад, ки ба касе дастнигару эҳтиёчманд набошад. Душвориву мониагҳоро бо заҳмати бузурги худ паси сар намояд.
Тамошои табиати зебо, нӯшидани оби зулоли чашмаҳо, шунидани хониши кабкҳо ва нағмасароии булбулону кашидани нафаси тоза аз ҳавои софу беғубор ба дили инсон қувват ва ба чашмҳо нур мебахшад. Оре, Ватани азизи мо - Тоҷикистон дорои ҳамин гуна неъматҳост, ки ба инсонҳо ҳам дар ҳолати беморӣ ва ҳам дар давраи солимӣ руҳи болида мебахшанд.
Инсоният дар кадом ҳолате, ки набошад, дар куҷое, ки зиндагӣ накунад, ҳама хурду бузург ба табиат ва ҳастиҳои он эҳтиёҷ доранд. Бидуни табиат ҳаёт дар ягон давру замон пойдор буда наметавонад, зеро ҳастии ҳар як ҷисми зинда ба об, хок ва боду ҳаво алоқаманд аст.
Ободии кишвар ва тозагии муҳити зист танҳо ба одамон вобастагӣ дорад ва эҳтироми табиату самаранок истифодабарии манбаъҳои он қарзи ҳар як инсони асил аст.
Тозаву озода нигоҳ доштани макони зисти худ, гӯшаи ноободеро ба гулистон табдил додан ва ғамхорона муносибат кардани кас ба олами набототу ҳайвонот аз муҳимтарини аркони дӯстдорию эҳтиром гузоштан нисбат ба Ватан мебошад. Агар ин нишонаҳо дар одам эҳсос нагардад, пас бе ягон дудилагӣ метавон гуфт, ки имони ватандории ӯ заиф аст. Табиатшиноси рус Пришвин М. дар ин мавзӯъ андешаи ҷолиберо баён доштааст: «Мо соҳиби табиати худ ҳастем ва он барои мо маҳзани Офтобро мемонад, ки пур аз ганҷинаи ҳаёт аст. Ин ганҷинаи бебаҳоро ҳифз кардан кам аст, дари онро кушодан ва намоиш додан лозим аст. Ба моҳӣ – об, ба паранда – ҳаво, ба ҳайвоноти ваҳшӣ – бешазор ва кӯҳсор, ба одам – Ватан лозим. Пас, ҳифзи табиат ҳифзи Ватан аст».
Имруз миллати тоҷик роҳбару роҳнамо, роҳбаладу сарвари бузургу кордон ва ифтихорманд Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмонро дорад, ки як миллати бузургро роҳбалади мекунад. Тоҷикони баору номус имрузҳо пайи ободии ватани азизанд. Имрузҳо бо чаҳди бузург бо иттиҳод санг бар болои саге нихода, Рогунро обод мекунанд, то ки ояндаи насли дигар дурахшон бошад. То модари точик бо сарбаландй аз пайи рафъи мушкилиҳои рузгори хеш ба осонй баромада тавонад. То Тоҷикистони азиз дар байни дигар кишвархои дунё сарбаланду номдор бошад.
Часпу талошхои Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат бахри бунёди НОБ-и Рогун дар он асос меёбад, ки бояд Ҷумҳурии Тоҷикистон харчи зудтар аз бумбасти энергетики баромада, таракиёташро боз хам назаррасинкишофдихад. Дар асл ҳам Неругохи Рогун ин мамоти халки точик буда, ояндаи дурахшон дорад. Худ казоват кунед, ки агар дар Тоҷикистон НОБ Рогун ба итмом расад, чи кадар корхонаву фабрикахо мавриди корбари карор мегиранд. Дар Тоҷикистон ба таври доими барк ҷори мегардад, ҷойхои кории нав пайдо шуда, зисту зиндаги мардум боз хам хубтару бехтар мегардад.
Мутаасифона солҳои охир ивазшавии иклим ба миён омада, захираҳои обии Точикистонро то андозае коста гардонидааст. Бинобар ин холати мазкурва вазъии камобии дигар минтакахои кураи замин Пешвои миллати точиконро бетараф нагузошта, бобати ин масъала аз минбари баланди мачмааи СММ бо баромади пурмухтаво баромад карда, солхои 2018-2028-ро соли дахсолаи байналимллали «Об барои рушди устувор» эълон кард, ки ин пешниходи Сарвари Точикони дунё аз чониби мачмааи Созмони миллали муттаҳид ва кули аъзоёни ин созмони бонуфуз хамачониба дастгири ёфта, дар саросари Ҷумҳурии Точикистон дар байни аҳоли вохуриву суҳбатхои судманд гузаронида истодаанд.
Дар ин росто ба мо маълум аст, ки дар ҳакикат Точикистон аз лиҳози захираҳои оби дар дили Осиёи Миёна чойгир буда, аз чихати захираи неруи об дар чаҳон чойи 8-умро мегирад. Агар мо заҳираи обро дар Осиёи миёна 100 фоиз нишон дихем, пас захираи он дар Чумхурии Точикистон 55 фоизро ташкил медихад.
Дар ЧТ 947 адад дарёҳои хурду бузург мавчуд аст, ки онҳо бо дарозии 28 500км рафта мерасанд. Ҷумҳурии Точикистон аз чиҳати захираи умумии потенсиали гидроэнергетики дорои 527 миллиард кВт соат дар як сол буда, дар чаҳон чойи ҳаштумро пас аз давлатхои абаркудрати Хитой, Руссия, ИМА, Бразилия, Хиндустон ва Канада ишгол мекунад.
Аммо, мутаасифона дар баъзе минтакаҳои Точикистон мушоҳида мегардад, ки об бе сарфакори мавриди истифода карор гирифта, бекадрии он аз тарафи бархе саҳлангорон нодида гирифта мешавад, чуйҳову рудҳоро ифлос мекунанд. Онхо фикр намекунанд, ки дар чойҳои поёноб аз обҳои ин рудҳо истифода мебаранд. Аз ин ру мо бояд ҳатман ба кадри об расида, аз як гиребон сар бароварда барои амалишавии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллатро дар ин чода ҳиссагузор бошем.
Хар як инсон бояд дар зиндагй як амали хайре, як кори неке, як ёдгоре аз худ боқӣ монад. Вакте ки шахс аз дунё мегузарад, ягон амали некаш ёди уро зинда мегардонад. Албатта, ҳамаи одамон мирандаанд, вале агар аз кас ягон амали хубе боки монда бошад, ҳар боре ки ба он менигарӣ, беихтиёр заҳмати бепоёни у номи он шахсро зиндаёд мегардонад.
Мудири кафедраи биологияи тиббӣ
бо асосҳои генетика М.Ё.Холбегов
17.09.2019     623

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php