АХБОР оид ба навбатдорӣ дар Маҷмааи нави таълимии «Шифобахш»

Тибқи Фармон аз санаи 12.10. с.2013, №85/2 «Дар бораи таъсис додани намояндагии Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар Маҷмааи нави таълимӣ» дар асоси ҷадвали тасдиқгардида санаи 15 ноябри соли 2019 дар ҳайати кормандони кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ва директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ Усмонов Ҷ.Н гузаронида шуд.
Ҳангоми навбатдорӣ дар Маҷмааи нави таълимӣ раванди дарсҳои амалӣ ва давомоти донишҷӯён дар кафедраҳо дида баромада шуд. Инчунин дар раванди навбатдорӣ ба он донишҷӯёне, ки бо сару либоси ғайри тавсиявӣ ба дарс омада буданд эродҳо гирифта шуд.
Аз раванди машғулиятҳо, тартибу интизом ва риояи талаботҳои дохили донишгоҳии донишҷӯён дар атрофи бинои таълимӣ ва толору дарсхонаҳо хабар гирифта шуда, тариқи камераҳои назорати низ аз ҳолати гирду атроф ва раванди лексияҳо пурра назорат бурда мешуд.
Дар давоми навбатдорӣ ягон ҳодисаи ғайричашмдошт ба қайд гирифта нашудааст.
Директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ Усмонов Ҷ. Н.
Мудири кафедраи Биологияи тибби ва асосҳои генетика Холбегов М. Ё.
18.11.2019     363

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php